Таъйини “Рӯзи Пешво” таҳкими худкомагиро дарбар дорад

Дар паи пешниҳоди намояндагони порлумон дар мавриди таъйини Рӯзи Пешво дар Тоҷикистон, Шокиҷон Ҳакимов бо интиқод аз ин мавзӯъ, гуфтааст, таъйини Рӯзи Пешво боиси ривоҷи шахспарастӣ дар кишвар хоҳад гашт.

Дар паи пешниҳоди намояндагони порлумон дар мавриди таъйини Рӯзи Пешво дар Тоҷикистон, Шокиҷон Ҳакимов бо интиқод аз ин мавзӯъ, гуфтааст, таъйини Рӯзи Пешво боиси ривоҷи шахспарастӣ дар кишвар хоҳад гашт.

Шокирҷон Ҳакимов, устоди риштаи ҳуқуқ ва иқтисод ва коршиноси масоили сиёсӣ, дар вокуниш ба баррасии лоиҳаи таъйини "Рӯзи Пешво" дар Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, гуфтааст: "Тасвиби ин қонун ба густариши худкомагӣ ва таҳкими пояи низоми ғайридемократӣ кӯмак мекунад".

Ин донишманди тоҷик аз ҷумла афзудааст: "Таҷрибаи дигар кишварҳо нишон медиҳад, дар ҳукуматҳои мардумсолорӣ ҳеч вақт чунин рӯзҳо ба унвони рӯзи ид дар тақвим ворид намешавад ва чунин тасмимҳо танҳо "ривоҷи шахспарастӣ" ва "эҷоди халал дар раванди мардумсолорӣ"-ро ба дунбол дорад”.

Аз назари номбурда тасвиби қавонине аз ин даст ҳеч фоидае ба ҳоли давлат ва ҷомеаи Тоҷикистон надорад.

Лозим ба ёдоварист, Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҳоли баррасии лоиҳае аст, ки дар сурати тасвиб, "Рӯзи Пешво" – ро ба унвони яке аз идҳои ҷадид вориди тақвими ин кишвар мекунад.

Моҳи декабри соли 2015, вакилони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо тасвиби қонуне, ба таври расмӣ унвони "Пешвои миллат"-ро ба Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон эъто намуданд, ки бар асоси он, як силсила имтиёзоти ҷадид ба маҳдудаи ҳуқуқии Раҳмон афзуда гашт, ки аз ҷумла метавон ба масунияти қонунии вай ишора намуд.

general.images