Ташаббускори Пешвои Миллат мақоми нав мегирад

Шӯрои Маҷлиси Намояндагон имрӯз, 15 феврал номзадии Низом Қосим,

Шӯрои Маҷлиси Намояндагон имрӯз, 15 феврал номзадии Низом Қосим, раиси Иттифоқи нависандагон, Носирҷон Салимӣ, ректори Донишгоҳи омузгории Тоҷикистон ва Дӯстмурод Муродзода, раиси Шӯрои адлияро ба мақоми нави узви Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ баррасӣ кардааст. Дар ин бора дафтари матбуоти Маҷлиси намояндагон иттилоъ дод. Номзадии Салимӣ ба узвияти КМИР дар ҳоле баррасӣ мешавад, ки ӯ нахустин шуда, моҳи апрели соли гузашта пешниҳод кард, ки ба Эмомалӣ Раҳмон расман унвони Пешвои Миллат дода шавад. Раҳбари Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ ва Холмаҳмад Самеъ, декани факултаи равобити байналхалқии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар як матлаб ба арзёбии нақш ва рисолати пешво дар тӯли таърих пардохта, шахсиятҳое аз қабили Рузвелт, Дэн Сяопин, Ли Куан ва Махатхир Муҳаммадро пешвоҳои муваффақи миллӣ хонда, Эмомалӣ Раҳмонро ҳам аз қабили онҳо донистаанд. Дар баробари аъзои нав, ахиран Маҷлиси намояндагон пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистонро барои таъини Бахтиёр Худоёрзода ба мақоми раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ тасдиқ намуд. Таъини раёсат ва аъзои нави КМИР дар ҳолест, ки дар Тоҷикистон 22 май раъйпурсии умумихалқӣ барои ворид намудани тағйирот ба Сарқонун дар назар аст. Маҷлиси намояндагон моҳи октябри соли гузашта Вера Наимова, Ҷалолиддин Маҳмудов ва Акбаралӣ Сатторовро аз узвияти КМИР бозхонд кард. Далели бозхонди Маҳмудов ҳукми додгоҳи ноҳияи Ҳисор арзёбӣ шуд, ки Маҳмудовро барои ғайриқонунӣ нигоҳ доштани яроқ 5 сол равонаи зиндон намуд. Акбаралӣ Сатторов, собиқ раҳбари Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва узви дигари КМИР рӯзи 28 август дар сини 50-солагӣ даргузашта буд. 

general.images