Тамаъ ба дунё инсонро армон ба гур мекунад.

Марги Абдуллоҳи Муҳаққиқ бояд мояи ибрати дигарон гардад: Тамаъ ба дунё инсонро армон ба гур мекунад.

Абдуллоҳ Муҳаққиқ, ки имрӯз даргузашт, шоҳид мисоли равшане бар иддаои мост, ва он ин аст, ки “тамаъ ба дунё ва дунёталабӣ инсонро аз Худо дур карда, армон ба гур мекунад”.

Гарчӣ инҷониб (Сиддиқи Акбар) на ба Абдуллоҳ Муҳаққиқ ва на амсоли ӯ ҳеҷ ғарази шахсие надорам ва одатан аз пушти мурда сухани нохуб гуфтан хуб нест, аммо аз боби инки ҳақиқатро бояд гуфт валав талх бошад, ман дар бораи тамаъу дунёдӯстӣ ва дурӣ аз Худо сухан ба миён меорам.

Абдуллоҳ Муҳаққиқ ки ягон таҳсилоти динӣ надошт ва бо доштани таҳсилоти забону адабиёт, худро коршиноси дин мехонд, ин як хиёнати бузург ба дин буд. Ва чунин одамоне ҳамеша мавриди сӯиистифодаи ҳукуматдорон қарор мегирифтанд ва бо фармони президент ӯ хиёнати бузурге ба дин кард.

Эмомалӣ Раҳмон аз ӯ сӯиистифодаи калон алайҳи дину диндорон мекард ва ин бахтбаргашта дар қиболи пули ночизе ки аз Раҳмон дарёфт мекард, дину охирати худро ба фано медод.

Инак ӯ ба ҳалокат расид, аз дунё рафт, Эмомалӣ Раҳмон монду танҳоии Абдуллоҳ Муҳаққиқ дар қабру ҷавоб додан ба хиёнатҳое ки алайҳи дин бо фармони Э.Раҳмон мекард.

Абдуллоҳ Муҳаққиқ вақте ки гуш ба фармони Эмомалӣ Раҳмон буд ва алайҳи Ислому муслимин гап мезад, қатъан аз чунин рӯзе-яъне рӯзи марг ва посухгӯӣ ба хиёнатҳо- ғофил буд ва хиёл мекард, ки Эмомалӣ Раҳмон ба ӯ ягон мақому мансаб медиҳад.

Абдуллоҳи Муҳаққиқ барои худширинкунӣ пешниҳод дода буд, ки ҳамсари Эмомалӣ Раҳмон, пешвои занони мусулмонони Тоҷикистон шавад. Ӯ бо ин худширинкунӣ мехост ҳам зар ба даст оварад ва ҳам инки як фосиқаи рӯзахори, намознахони бесатру беизорро пешвои занони мусулмон хонад.

Тамаъи дунё ва дунёдӯстӣ инсонро ба хиёнат вомедорад, аммо инсон ба хостаҳояш нарасида, бо дасти холӣ ва номаи аъмоли пур аз хиёнату ҷанг алайҳи Исломи азиз, ормонҳояшро ба гур мебарад.

Марги Абдуллоҳи Муҳаққиқ ибрате бод бар Абдулқодирзодаҳо, ки динашонро дар қиболи пули ночизи Эмомалӣ Раҳмон фурухта, дузахро мехаранд беинки дар дунё Эмомалӣ Раҳмон ба онҳо ҳатто аз мансаби ночиз дареғ медорад.

Сиддиқи Акбар

general.images