Талоши Бонки миллии Тоҷикистон барои наҷоти "Тоҷиксодиротбонк" аз буҳрон

Бонки миллии Тоҷикистон дар талош аст, бо кумаки хориҷӣ яке аз бузургтарин бонкҳои ин кишварро аз хатари варшикастагӣ наҷот диҳад.

 Бонки миллии Тоҷикистон дар талош аст, бо кумаки хориҷӣ яке аз бузургтарин бонкҳои ин кишварро аз хатари варшикастагӣ наҷот диҳад.Ба гузориши хабарнигори радиои тоҷикӣ аз Душанбе, Бонки миллии Тоҷикистон имрӯз сешанбе эълом кард, бо кумаки Бонки аврупоии бозсозӣ ва тавсеа барои ҳалли буҳрони молии "Тоҷиксодиротбонк" ва ҷилавгирӣ аз варшикаст шудани он, тадобиреро иҷро хоҳад кард.Тақвияти нақдинагӣ, беҳбуди кайфияти ироаи тасҳилот ба бахши хусусӣ ва беҳинасозии амалиёти молӣ дар "Тоҷиксодиротбонк" аз ҷумлаи тадобире аст, ки Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки аврупоии бозсозӣ ва тавсеа барои кумак ба ин бонк ба иҷро хоҳанд гузошт.Ба гуфтаи Тоҷиддин Пирзода, раиси "Тоҷиксодиротбонк", саҳми ин бонк аз кулли фаъолиятҳои бонкии Тоҷикистон 21 то 27 дарсад аст.Дар моҳҳои ахир муштариёни "Тоҷиксодиротбонк" аз камбуди шадиди пул дар банкоматҳои ин бонк ва теъдоди дигаре аз бонкҳои‌ Тоҷикистон шикоят доштаанд.Дар ҳамин ҳол Зулфиқори Исмоилиён, коршиноси тоҷики масоили иқтисодӣ, тадобири Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки аврупоии бозсозӣ ва тавсеаро барои наҷоти як бонки бузурги ин кишвар аз варшикастагӣ, кумакҳое мақтаӣ донист ва хостори ислоҳи сиёсатҳои иқтисодии давлати Душанбе шуд.Ба гуфтаи Исмоилиён, шароити нобасомони иқтисодии Тоҷикистон сабаб шудааст, ки дар моҳҳои ахир 30 ҳазор тоҷир ва корофарини ин кишвар даст аз кор бикашанд. 

general.images