Такяи давлат ва вазорати молия ба қарзҳои хориҷӣ

Касрии буҷаи Тоҷикистон дар соли 2016 наздик 287 миллион сомониро ташкил хоҳад дод, ки вазорати молияи кишвар тасмим дорад ин касриро аз ҳисоби қарзҳо ва кӯмакҳои хориҷӣ таъмин намояд.

Касрии буҷаи Тоҷикистон дар соли 2016 наздик 287 миллион сомониро ташкил хоҳад дод, ки вазорати молияи кишвар тасмим дорад ин касриро аз ҳисоби қарзҳо ва кӯмакҳои хориҷӣ таъмин намояд.

Тавре ки эълом шудааст, дар соли оянда низ давлат бо касрии буҷа рӯбарӯ хоҳад буд ва ин бор, касрии буҷаи давлати Тоҷикистон 287 миллиони сомонӣ хоҳад буд, ки барои таъмини ин касрии буҷа, вазорати молия  умеди зиёде ба қарзҳои хориҷӣ бастааст.

Дар ин робита, мақомоти Вазорати молияи Тоҷикистон бар ин боваранд, ки имкони ҷуброни ин касрӣ бо ҷазби қарзҳои ниҳодҳои молии байналмилалӣ ва сандуқи рушди тавсеаи Авроосиё вуҷуд дорад.

Бинобар ин, дар назар аст, 173 миллион сомонӣ қарз аз ниҳодҳои молии байналмилалӣ ҷазб ва бақияи манобеи мавриди ниёзи худро барои ҷуброни касрии буҷаи соли оянда, бо вогузории бархе марокизи тавлидӣ ба бахши хусусӣ таъмин гардад.

Гуфтанист, буҷаи умумии Тоҷикистон барои соли 2016 наздик ба 18 миллиард сомонӣ (наздики 3 миллиард доллар)-ро ташкил хоҳад дод.

Аммо коршиносон бар ин назаранд, ки қарзҳои хориҷӣ на танҳо ҳеҷ гиреҳе аз кори моро боз намекунад, балки вазъи иқтисодии беморгунаи кишварро шадидтар хоҳад намуд ва беҳтар буд давлат ба ҷои умед дӯхтан ба қарзҳои хориҷӣ, ба манобеи дохилӣ ва эҷоди шуғли бештар барои аҳолӣ, бо таъмини озодии соҳибкорон ва нируи кории фаровони ҷумҳурӣ умед мебаст.

general.images