Тайёрибинии С.Ятим ба президентии 2020 бо риёкорӣ ва худнишондиҳӣ бо сохтани як мактаб дар Фархор ва интиқод аз дигар соҳибмансабон

Саймумин Ятимов бо ҳилагарие, ки дорад роҳи президентиро барои худ ҳамвор кардааст.

Саймумин Ятимов инсони бисёр фурсатталаб, ҳилагар, маккор, риёкор ва комилан беэҳсосу бераҳм аст. Ӯ кӯшиш мекунад аз хӯрдтарин ҳодиса, калонтарин фурсатро ба даст орад. Ба ҳамин хотир аст, ки аз як инсони камбағали беҳамачиз табдил ба як инсони пулдори қудратманд шуда ва қасд дорад худро ба президентӣ расонад.Ӯ барои президент шудан барномаи муваффақеро ба роҳ андохт ва худашро ҳатто болотар аз Эмомалӣ Раҳмон қарор дод. Эмомалӣ Раҳмон ба ҷуз аз майнушӣ, арақхӯрӣ ва авбошӣ ҳунари дигаре надорад, ва амнияте ки имрӯза Раҳмон аз он сухан мегӯяд ва бар сари мардум гаштаю баргашта шукри амниятро кунед гуфта миннат мегузорад, дастранҷ ва заҳмати С.Ятим аст. Ба ҳамин хотир Эмомалӣ Раҳмон бе Саймумин Ятим як инсони комилан бешахсият, суст, нобакор ва ноуҳдабаро ба назар мерасад.Саймумин Ятимов бо ҳилагарие, ки дорад роҳи президентиро барои худ ҳамвор кардааст. Ӯ барои ин кор аввалан худро болотару коромадтар аз Э.Раҳмон нишон дод, дуввуман инки амнияти Тоҷикистонро дар дасти худ гирифт ки сари фурсат ба осонӣ тавонад Э.Раҳмон ва фарзанди накроманашро бо ҳамаи решаю пайвандаш решакан созад, сеюман инки Озода Раҳмонро маъшуқаи худ қарор дода, ҳам лаззат мебарад ва ҳам инки қудратро баъди Э.Раҳмон аз они худ мекунад.Ӯ бо пулҳои калоне ки аз фурӯши мансаб дар сохторҳои амниятии Тоҷикистон, ҳамчунин аз фурӯши маводди нашъаовар, ки аз Афғонистон вориди хоки Тоҷикистон мешавад ва гаравгонгирию сипас озодкунӣ дар муқобили пулҳои калон, садҳо миллион доллар ҷамъоварӣ кардаст.Ӯ дастур дода, ки дар Фархор аз номи ӯ як нимчамактабе созанд ва дар ҳамаи ҷо овоза кунанд, ки С.Ятим мактаб сохта дар фикри ҳамдеҳагони худ аст. Ӯ бо овоза кардани ин кор, худро нишон дода, аз ҳозир ба фикри ҷамъ кардани овоз ба президентии 2020 аст.Ӯ бо овоза кардани худ ба унвони касе ки дар фикри ояндаи ҷомеа аст ва мактаб сохтааст ва ҳамчунин бо интиқоду бадгӯӣ аз фархориҳое ки соҳибмансаб буданд монанди М.Убайдуллоев, ки ҳатто як мактаб ҳам дар зодгоҳи худ насохтанд, худро маҳбуб карданӣ ва аз ин тариқ президентиро аз худ карданист. Бо ҳилагарӣ ва маккорие ки аз ӯ суроғ дорем, ӯ қатъан дар ин амр муваффақ хоҳад шуд ва баъд аз хушкондани решаю пайванди Э.Раҳмон президентиро аз они худ хоҳад кард.Ба гузориши хабаргузории Востокнюз ба нақл аз Спутник, Ҷаъфари Ҷалол, овозхон ва оҳангсози меҳансарои маъруфи тоҷик бо нашри як изҳорот дар сафҳаи фейсбукияш аз ободкориҳо дар Дарвоз ва навоҳии дигар тавсиф карда, изҳор дошт, ки Фархор — бузургтарину сернуфузтарин ноҳияи ҷануби Тоҷикистон, аз таваҷҷуҳи фарзандонаш канор мондааст. Ӯ дар феҳрасти мақомдорони воломақоми зодаи ноҳияи Фархор, Маҳмадсаид Убайдуллоев, Гул Шералӣ, Саймуъмин Ятимов, Шералӣ Хайруллоев, Сайидамир Зуҳуров, Ҳамрохон Зарифӣ, Сафаралӣ Наҷмиддинов, Бобохон Маҳмадов, Шермуҳаммад Шоҳиён, Талбак Назаровро ном бурда, бо таассуф таъкид кардааст, ба ғайр аз Саймуъмин Ятимов, ки барои ҳамдеҳагонаш мактаби бисёр боҳашамату зебое тақдим намудааст ва чанд соҳибкори дигар, боқимондаи ҳамшаҳриҳояш аз афроди воломақом ҳеч кори назаррасе барои ободонии зодгоҳашон накардаанд.Хабаргузории Восток-Нюз: Сиддики Акбар

general.images