Тавсияи Озодӣ ба Қирғизистон: (дар динситезӣ) аз Тоҷикистон ва аз Э.Раҳмон “улгу” гиред!

Бахши тоҷикиии сомонаи Озодӣ динситезии ҳукумати Тоҷикистон ва Эмомалӣ Раҳмонро фахр дониста, ба Қирғизистон пешниҳод додааст, ки агар хоҳад муваффақ шавад бояд аз Тоҷикистон “ибрат” гирад.

Бахши тоҷикиии сомонаи Озодӣ динситезии ҳукумати Тоҷикистон ва Эмомалӣ Раҳмонро фахр дониста, ба Қирғизистон пешниҳод додааст, ки агар хоҳад муваффақ шавад бояд аз Тоҷикистон “ибрат” гирад.Шакке нест, ки Эмомалӣ Раҳмон бо рӯҳияи динситезӣ ва Исломситезие, ки дар ҷаҳон маъруф шудааст, сармашқе барои Исломситезон гардад. Чароки ӯ тавонист беш аз даҳҳо ҳазор масҷиду мадрасаро ба баҳонаи документ надоштан бандад, азонро ба баҳонаи инки ба оромиши мардум халал мерасонад манъ кунад, сатру ҳиҷобро ба баҳонаи инки либоси бегона аст манъ кунад ва сатрдоронро аз мактабу донишгоҳу кор пеш кунад, ришро ба баҳонаи инки санитарӣ нест, ман кунад ва риши 13 ҳазор нафарро дар роҳ қапида маҷбуран тарошад ва ҳатто як нафар низ ки муқовимат кард ба шаҳодат расид, барои инки навҷавононро аз рафтани ба масҷид манъ кунад, қонуни озодии виҷдон ва тарбияти волидайнро гузошт, ки агар навҷавоне ба масҷид равад, падару модараш ҷарима мешаванд ва садҳо масъалаи Исломситезии дигар, ки тавассути бединони чун Э.Раҳмон ва С.Ятим тарроҳӣ шуд. Акнун, сомонаи Озодӣ, Исломситезии Э.Раҳмонро як амали муваффақ ҳисобида, бо ифтихор ба Қирғизистон пешниҳод кардааст, ки амали Эмомалӣ Раҳмонро бинед ва аз таҷрибаи ӯ барои мубориза бо Ислом ва дин ибрат гиред!.Нанг бар ин хел инсон, ки Исломситезӣ ва душманӣ бо Исломро мояи фахри худ шуморад!Ба гузориши хабаргузории Востокнюз ба нақл аз Озодӣ, дар Қирғизистон шояд мисли Тоҷикистон наврасону кӯдаконро иҷозат надиҳанд, ки танҳо ба масҷид ва ё калисову ҳар ибодатгоҳи дигар бираванд. Мумкин аст, тамоми ибодатгоҳҳоро сабти ном кунанд ва дар мадрасаҳои динӣ дар баробари улуми мазҳабӣ таълими дигар фанҳо ба мисли риёзиёту иқтисодиёт ҳатмӣ шавад. Ин ҳама дар сурате амалӣ мешавад, ки тарҳи нави Қонун дар бораи озодии дин ва созмонҳои динӣ дар Қирғизистонро қабул кунанд. Дар ин кишвар сол ба сол теъдоди мардуме, ки баъди шунидани азон ба масҷид мешитобанд, зиёдтар мешавад. Мардум бахусус дар деҳот бачаҳояшонро ба назди мулло мефиристанд, то намозу рӯзаро ёд бигиранд.Хабаргузории Восток-Нюз: Сиддиқи Акбар

general.images