Таблиғи афкори ДОИШ тавассути шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия

Шаҳрванди Тоҷикистон Давронҷон Давлатов, ба иттиҳоми узвият дар созмони террористии ДОИШ, дар Русия мавриди боздошт қарор гирифтааст.

Таблиғи афкори ДОИШ тавассути шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия

Шаҳрванди Тоҷикистон Давронҷон Давлатов, ба иттиҳоми узвият дар созмони террористии ДОИШ, дар Русия мавриди боздошт қарор гирифтааст.

Ин шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия басар мебурдааст, ки ба иттиҳоми таблиғ ва узвият дар гурӯҳи террористии ДОИШ аз тарафи мақомоти Русия боздошт шудааст.

Дар ин маврид, додситонии шаҳри Санкт-Петербург аз дастгиршуда Давронҷон Давлатов ном бурда, гуфтааст, ӯ дар Тоҷикистон ҳам ба узвият дар ДОИШ муҷрим шинохта шуда ва таҳти пайгард қарор доштааст.

Ба гуфтаи намояндаи додситонии Русия, Екатерина Беспалова, Давлатов рӯзи 14-март дар ҳудуди ноҳияи Киров боздошт гардидааст. Беспалова гуфтааст, боздоштшуда дар Санкт-Петербург тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба сафи ДОИШ пайваста, дар саҳифааш дар ин шабакаҳо аксҳои ифротгароёна нашр намуда ва ба таблиғи ин созмони террористӣ машғул будааст.

Беспалова - сухангӯи додситонии шаҳри Санкт-Петербург афзудааст, дар сурати аз ҷониби Тоҷикистон дода шудани дархости истирдоди ин муҷрим, дархост мавриди баррасӣ қарор хоҳад гирифт.

general.images