Сӯиистифодаи ҳизби ҳоким аз мавқеият ва шӯҳрати Устопириён; Устопириён узви фаъоли мост

Ҳизби ҳокими халқӣ-демократии Тоҷикистон, ки раёсати онро Раҳмон ба уҳда дорад, эълон кард, ки Комроншоҳи Устопириён, қаҳрамони Осиё оид ба ҷудо узви фаъоли ин ҳизб мебошад.

Ҳизби ҳокими халқӣ-демократии Тоҷикистон аз қаҳрамонӣ ва шӯҳрати Комроншоҳи Устопириён сӯиистифода карда, ба ӯ миннат гузошта аст, ки дар рушду пешрафти Комроншоҳ нақши муҳим доштааст. Аммо чӣ тавре ки мо медонем, ин ҳамаш дурӯғи маҳз аст ва дар Тоҷикистон ҳеҷ касе, аз президент гирифта то дигар мақомот ба варзишгарон камтарин таваҷҷуҳе надоранд, пас иддаои ХҲДТ дар рушду пешрафти Комроншоҳ дурӯғе беш нест, балки сӯиистифода аз мавқеият ва шӯҳрати варзишкор аст, ки ин кор худаш таҳқир ва тавҳине аст ба варзишкор.Ба гузориши хабаргузории Востокнюз ба нақл аз Озодагон, Ҳизби ҳокими халқӣ-демократии Тоҷикистон эълон кард, ки Комроншоҳи Устопириён, қаҳрамони Осиё оид ба ҷудо узви фаъоли ин ҳизб мебошад. Тибқи иттилоияи ҲХДТ барои қадрдонӣ аз дастовардҳои Устопириён дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё дар Ҳонконг, рӯзи 9-уми июн Сарфароз Фаттоҳзода, раиси ҲХДТ дар Суғд паҳлавони тоҷикро ба ҳузур пазируфт. Хабаргузории Восток-Нюз: Сиддиқи Акбар

general.images