Сӣ сол таҳқири тоҷику, ғуломигарии халқ, дур аз ватан ва дар кишварҳои бегона!

Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 7 март дар суханрониаш дар ҷаласаи тантанавӣ ба муносибати Иди Модар дар Кохи Борбад дар робита ба ҳангомаҳои ахир дар атрофи коронавирус гуфт: “Мо мардумро дар давоми қариб сӣ сол гурусна нагузоштем. Наход, ки дар шароити осоишта ба гуруснагӣ ва азият кашидани халқамон роҳ диҳем?”.

Мегӯянд “ончӣ аён аст, ҳоҷат ба баён нест”, ҷаноби Э.Раҳмон! Мардум ба гуфтаи шумо қариб сӣ сол ба ҷуз бадбахтию тирабахтию оворагӣ “ба баракати сари шумо” чизи дигаре надидаанд!

Бовар намекунед, марҳамат як рӯз ба таври ноаён бедабдабаю капкапа, бе 80 мошини 80 ҳазор доллара, бетарс аз миллат, ки ҳангоми сафаратон дар сари ҳар кӯча милиса мемонед, ки мабодо касе аз хонааш барояду ҷанобатонро дар “саргини инсонӣ” занад, бароед ба кучаю бозор ва ҳоли мардумро бинед, ки чӣ балое бар сари ин миллат овардед ва сӣ сол аст, ки мардум дар бадтарин шароити зиндагӣ ба сар мебаранд!

Шумо, ки аз халқи худ метарседу бо 80 мошини 80 ҳазор доллара сафар мекунеду кӯчаю бозори сари роҳатонро бо милисаҳои бечора мебандед, магар аз касе метарсед, ки ба шумо сухани ҳаққро гӯяд, ё касе ки қасди ҷони шумо кунад?!

Натарсед, ҷони наҳсу бадбахти шумо касеба даркор не, мардум аз рангу рӯи хинзирмонанди шумо хастаю дилозурда шудаанд! Шумо сӣ сол аст, ки халқро гурусна гардондаед! Халқе ки ҷои кор надораду маҷбур аст зану марду пиру ҷавонаш барои як луқма нон тарки ватану модару хешу табору зану фарзанд карда, ба муҳоҷирати кории сахти Русия раваду ҳазорон таҳқиру фиребу гуруснагию сарморо таҳаммул кунад!

Натиҷаи ба гуфтаи худатон сӣ сол чизе ҷуз бадбахтӣ барои халқи Тоҷикистон набуд. Дар зимистони қаҳратун на барқ, на газ, на оби тоза ва на зиндагии шоиста!

Сӣ сол таҳқири тоҷику, ғуломигарии халқ дур аз ватан ва дар кишварҳои бегона!

Сӣ сол бекорию афсурдагию бесаводию беадолатӣ!

Сӣ сол қашшоқии Тоҷикистону камбағалтарин кишвари дунё шудани он дар ҷаҳон!

Сӣ сол гуруснагии миллат!

Сӣ сол беадолатию зулму ситамкории шумо ва атрофиёнатон ба халқ!

Сӣ сол оворагии халқ!

Сӣ сол дурии марди хона аз зану фарзанду падару модар!

Сӣ сол бесаводӣ ва дур аз фарҳангу тамаддун!

Сӣ сол боридани борони наҳс бар сари халқ ба хотири наҳсии ҷанобатон!

Сӣ сол қатлу террори шерон ва ҷавонмардони миллат ба дасти ҷанобатон!

Сӣ сол ноумедии иҷтимоии халқ!

Сӣ сол дурӣ аз адолат!

Сӣ сол қиматии беинсофона ва макидани хуни халқ тавассути ҷанобатон ва кормандонатон!

Ва дар як калом сӣ соли наҳсу бадбахтию тирабахтию оворагии халқ ба хотири вуҷуди наҳсу манфури ҷанобатон ва атрофиёнатон халқро аз ҳамаи умедҳо дур карда ва мардумро афсурдадилу парешонхотир гардондааст!

Биёед як бор мардӣ кунед, гарчӣ дар тамоми умратон як бор ҳам онро начашидаед, ба фикри мардум бошед ва сояи ҷаноби наҳсатон ва атрофиёни шаҳватрону ҳайвонсифататонро аз сари халқ даф кунед!

Сиддиқи Акбар

general.images