Сухангӯи Гурӯҳи 24 ба Тасним: Табиати мубориза сахтӣ ва зиндон дорад, дар ниҳоят чӣ ба пирӯзӣ хатм шавад ва чӣ шаҳодат, мо пирӯзем!

Бо шаҳодати Ҳоҷи Умаралӣ Қувватов дар 6-уми марти 2015, раҳбарии ин гурӯҳ барои муддати кӯтоҳе ба Шарофиддин Гадоев ва дар ниҳоят Сӯҳроби Зафар расид. Пайгириҳо ва иқдомоти давлати Тоҷикистон барои таҳти таъқиб қарор додани мухолифин, домони Гурӯҳи 24-ро низ гирифта ва 4 моҳ аст, ки роҳбари ин гурӯҳ, Сӯҳроби Зафар дар Туркия боздошт шудааст. Ахиран расонаҳои тоҷик ва бархе фаъолини ҳуқуқи башарӣ иддао кардаанд, ки пас аз ройзаниҳои давлати Тоҷикистон, Туркия дар ҳоли омодагӣ барои истирдоди роҳбари Гурӯҳи 24 ба Тоҷикистон аст. Муҳимтарин иллати ин масъала интиқоли Сӯҳроби Зафар ба боздоштгоҳи идораи муҳоҷирати Туркия аст, ки муҷримин маъмулан пеш аз истирдод ба ин маҳал мунтақил мешаванд.

Ба гузориши Востокнюз ба нақл аз Тасним, “Гурӯҳи 24” яке аз ҷараёноти сиёсии фаъол ва мухолифи Тоҷикистон аст, ки фаъолияти худро ба раҳбарии шаҳид Умаралӣ Қувватов дар соли 2012 оғози ба кор кард. Бо бастатар шудани тадриҷии фазои сиёсии Тоҷикистон барои мухолифин, ин гурӯҳ низ водор ба тарки кишвар шуда ва ҳамакнун фаъолон ва раҳбарони он дар кишварҳое назири Туркия, Русия ва Аврупо ба сар мебаранд.Бо шаҳодати Ҳоҷи Умаралӣ Қувватов дар 6-уми марти 2015, раҳбарии ин гурӯҳ барои муддати кӯтоҳе ба Шарофиддин Гадоев ва дар ниҳоят Сӯҳроби Зафар расид. Пайгириҳо ва иқдомоти давлати Тоҷикистон барои таҳти таъқиб қарор додани мухолифин, домони Гурӯҳи 24-ро низ гирифта ва 4 моҳ аст, ки роҳбари ин гурӯҳ, Сӯҳроби Зафар дар Туркия боздошт шудааст. Ахиран расонаҳои тоҷик ва бархе фаъолини ҳуқуқи башарӣ иддао кардаанд, ки пас аз ройзаниҳои давлати Тоҷикистон, Туркия дар ҳоли омодагӣ барои истирдоди роҳбари Гурӯҳи 24 ба Тоҷикистон аст. Муҳимтарин иллати ин масъала интиқоли Сӯҳроби Зафар ба боздоштгоҳи идораи муҳоҷирати Туркия аст, ки муҷримин маъмулан пеш аз истирдод ба ин маҳал мунтақил мешаванд.Дар ҳамин росто, Тасним гуфтугӯе бо Саидалӣ Ашӯров, сухангӯи Гурӯҳи 24 тартиб додааст, ки дар идома мехонед.1. Ҳудуди 4 моҳ аст, ки Сӯҳроб Зафар дар боздошт ба сар мебарад. Тайи ин чаҳор мох аъзо ва фаолиятҳои Гурӯҳи 24 дар ғиёби вай чӣ гуна будааст?- Бале, воқеан роҳбари "Гурӯҳи 24" аз торихи 19.03.2018 бо дархости мақомоти Тоҷикистон дар Туркия боздошт шуда, нигаҳдорӣ мешавад ва то имрӯз таҳқиқи парванда ва иттиҳомоте, ки нисбати ӯ равона шудааст, идома дорад. Дуруст аст, ки ин воқеа дар рӯҳияи аъзо ва тарафдорони ҳаракат таъсири худро мегузорад. Дар ҳоле, ки ҳадафи ҳукумат бо ин роҳ комилан фалаҷ гардондани ҳаракат буд, ки бидуни шак чунин нашуд. Баръакс, фаъолият бештар гашту боз ҳам вусъат пайдо кард. Нуқтаи дигар инаст, ки то ин дам Суҳроб Зафар пайваста бо масъулин ва аҳли шӯро дар тамос аст ва дар идораи ҳаракат саҳим аст.Паҳлӯи дигари масъала инаст, ки боздошти Сӯҳроб Зафар боис шуд, ки қазияҳои нақзи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳони бармало гардида, барраси шаванд ва яке аз чеҳраҳои режими худкомаи Раҳмонов ошкор шавад он ҳам шикори мухолифин ва адами таҳаммули дигарандешӣ дар ҳукумати ӯст. Боздошти ин шахс ошкор сохт ҳукумате, ки лофи демократӣ мезанад таҳаммули кӯчактарин интиқодро надорад ва омода аст бо ҳар қимате набошад рақиби худро бартараф кунад.2. Тайи ин муддате, ки Сӯхроб Зафар боздошт шудааст, оё иқдомоте аз сӯи созмонхои байналмиллалӣ ва хукуки башари барои озодии вай аз боздошт шудааст?- Дар ин замина, метавон гуфт, ки бисёре аз созмонҳои байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи инсон назири: Дидбони ҳуқуқи башар (HRW), Кумитаи Ҳелсинкии Норвеж, ниҳодҳои алоҳидаи Иттиҳодияи Аврупо ва СММ ва иддае аз ҳуқуқшиносон саҳми худро гузоштанд, вале фикр мекунам, ин кофӣ нест ва бештар бояд кор бурд барои раҳоии Сӯҳроб Зафар.3. Хамзамон бо Сухроб Зафар, Насим Шарипов хам боздошт шуда буд. Аммо чанде пеш шохиди он будем, ки вай озод шуд. Иллати озодии Шарипов ва адами озодии Сухроб Зафар чист?- Бале, хушбахтона бародар Насимҷон Шарипов рӯзи 29.05.2018 аз толори додгоҳ сафед гардонида, озод шуд. Сабаби тӯлонӣ шудани қазияи бародар Сӯҳроб Зафар дар он аст, ки иттиҳомоте, ки нисбати ӯ ироъа кардаанд, бештар аз бародар Шарипов мебошанд. Масалан, яке аз иттиҳомоте, ки ба бародар Суҳроб нисбат медиҳанд, ин мебошад, ки гуё ӯ барои ҷомеаи Туркия хатар дорад, дар ҳоле ки хатари мо танҳо барои як хонавода аст ва он ҳам Раҳмонов мебошад. Иттиҳоми дигар ин аст, ки ӯ роҳбари созмони террористӣ мебошад, дар ҳоле, ки ҳаракати сиёсии "Гурӯҳи 24" на дар Тоҷикистон чунин эътироф шудааст ва на Туркия инро қабул дорад. Ногуфта намонад, ки ин бори аввал нест, ки Сӯҳроб Зафар дар Туркия боздошт мешавад. Балки бори севвум аст ва ҳар даъфа бегуноҳии ӯро додгоҳ собит карда аст. Мақомоти Тоҷикистон дар ин миён ду бор қаблан ноком шуд ва дар ин кӯшиши навбатӣ бо назардошти таҷрибаи гузашта мисле, ки бо туҳматҳои наву сангинтар мехоҳад мақомоти Туркияро гул занад. Вале фикр намекунам, ки то ин ҳадд мақомоти Туркия сода бошанд, ки фирефтаи туҳматҳои бофтаю бе асос шаванд.4. Гуфта мешавад, ки макомоти Туркия барои истирдоди Сухроб Зафар ва чанд тан аз дигар точикон омода мешаванд ва вайро ба боздоштгохи идораи мухочират мунтакил кардаанд. Оё ин мавзӯъ сиҳҳат дорад? Чузьиёти бештаре дар ин замина агар вучуд дорад, бигӯед.- Бале, интиқоли Сӯҳроб Зафар ҳақиқат дорад, вале он барои бе хатарии ӯ сурат гирифтааст. Дар ин шакке нест, ки режими Раҳмонов тамоми саъю кушиши худро ба харҷ медиҳад, то Суҳроб Зафарро ба ӯ таҳвил диҳанд. Чун, моҷаро аз дархости онҳо оғоз ёфта аст ва то охир талош хоҳанд кард. Вале мутмаъин ҳастам, ки талошҳояшон бе фоида анҷом хоҳад ёфт.5. Иллати чунин тасмиме аз суи давлати Туркия чи буда ба назари шумо? Оё сирфан фишорхои давлати Точикистон боиси ин мавзуь шуда ё омилхои дигаре низ муассир аст?- Албатта, ки иллати боздошти Сӯҳроб Зафар аз ҷониби кишвари Туркия, ҳамон тур ки болотар баён кардам, дархостҳои фаровони ҳукумати Тоҷикистон ва ворид шудани иттиҳомоте нисбат ба ӯ мебошанд. Ин як раванде маъмулӣ дар низоми додгоҳии ҳар як кишвар аст. Ҳаргоҳ, ки нисбати яке агар иттиҳоме равона шавад, он аз ҷониби додгоҳ бо назардошти далоили ҳарду ҷониб ҳал карда мешавад. Варна сабаби дар Туркия боқӣ мондани Сӯҳроб Зафар ва намояндагони мо, ин эътимод ба кишвари Туркия ва адолати роҳбарияти он мебошад. Бародар Сӯҳроб Зафар борҳо баён карда буд, ки: "Сабаби Туркияро барои зиндагӣ ва мубориза интихоб кардани ман, ин пойдории адолат дар ин кишвар аст". Аз фишор инҷо зикр кардед, хидмати шумо арз кунам, ки Раҳмонов хеле кӯчак аст барои ин ҳарфҳо. Ӯ ҳанӯз касе нест, ки тавони ба як кишваре чун Сумолӣ фишор оварад куҷо расад ба кишвари пуриқтидоре чун Туркия? Вале табиати мубориза ҳамин аст. Сахтиҳо ва зиндон дорад ва баъдан пирӯзи ва ё шаҳодат. Дар ҳар ду сурат мо барандаем.6. Дар сурати истирдоди вай ба Точикистон, барномаи "Гурӯхи 24" барои оянда чӣ хохад буд? Оё боз хам аьзои фаьол дар Туркия хоханд монд?- Аз нигоҳи таҷриба ва адолат дар торихи ин сарзамин метавонам бигуям, ки Туркия ин тасмимро нахоҳад гирифт. Боз ҳам барои ҳаракати сиёсии "Гурӯҳи 24" истирдод ва рабудани фаъолони ӯ назири Мақсуд Иброҳимов ва Эҳсон Одинаев ва ҳатто ба шаҳодат расондани роҳбари он - Умаралӣ Қувватов (р) чизи тозае нестанд. Чунин иттифоқҳоро мо қаблан аз сар гузарондаем. Вале бо вуҷуди зарбаҳои шадид мушкилотро таҳаммул карда, машаққатҳоро убур карда, ҳаракат идома ёфт. Раҳмонов аблаҳ аст, ки фикр мекунад бо куштан ё зиндон кардани касе ҷулуи инқилобро метавон гирифт. Боварии комил дорам, Тоҷикистон фарзандони зиёде дорад, ки ин роҳро идома хоҳанд дод ва ҳатман рӯзе мерасад, ки қасри Раҳмоновро ба ларза меоранд ва ӯро аз тахт поён хоҳанд кашид.

general.images