Суарес рекордро дигар мекунад

Дар даври 34-уми Ла лигаи Испания ҳамлагари аргентинагии “Барселона” Луис Суарес рекорди 66-соли пеши ин Лигаро такрор кард. Ӯ дар вохӯрӣ бо дастаи “Депоративо” дар сафар ба дарвозаи мизбонон 4 гол зада, ҳаммуалифи се голи дигар шуд. Аз ӯ пештар ҳанӯз дар соли 1950 ба бозингари “Атлетико” Хосе Хункос муяссар гардидааст, ки ба дарвозаи “Рассинг”(9:1) чор гол зада, ҳаммуаллифи се голи дигар шавад.

 Дар даври 34-уми Ла лигаи Испания  ҳамлагари аргентинагии “Барселона” Луис Суарес рекорди 66-соли пеши ин Лигаро такрор кард. Ӯ дар вохӯрӣ бо дастаи “Депоративо” дар сафар ба дарвозаи мизбонон 4 гол зада, ҳаммуалифи се голи дигар шуд. Аз ӯ пештар ҳанӯз дар соли 1950 ба бозингари “Атлетико” Хосе Хункос муяссар гардидааст, ки  ба дарвозаи “Рассинг”(9:1) чор гол зада, ҳаммуаллифи се голи дигар шавад.Суарес аз рӯи нишондиҳандаи ҳаммуаллифӣ дар Испания дар сафи пеш буда, бо кумаки ӯ ҳамдастаҳояш ба дарвозаи ҳарифон 15 тӯб задаанд. Дар зинаи дуввум Коке аз тими “Атлетико”(13) ва  Месси аз “Барселона”(12) мавқеъ гирифтаанд.Суарес дар ҳафт вохӯрии пайдарпай бо дастаи “Депоративо” ба задани гол қодир шудааст, ки ин ҳам нишондиҳандаи рекордӣ ба ҳисоб меравад.

general.images