Соли 2015 дар вилояти Суғд 482 ҷинояти коррупсионӣ сабт шудааст

Дар соли 2015, дар маҳдудаи вилояти Суғд, 482 ҷинояти корупсионӣ ва иқтисодӣ ба сабт расидаат, ин дар ҳолест, ки дар соли 2014, фақат 460 маврид сабт шуда буд.

Дар соли 2015, дар маҳдудаи вилояти Суғд, 482 ҷинояти корупсионӣ ва иқтисодӣ ба сабт расидаат, ин дар ҳолест, ки дар соли 2014, фақат 460 маврид сабт шуда буд.

Музаффар Аҳмадзода, раиси Ожонси назорати молӣ ва мубориза бо фасоди вилоят, ба хабарнигорон изҳор дошт: “143 маврид аз ҷиноёти мазкур, ҷиноёти сангин дониста мешавад”.

Тибқи гуфтаи манбаъ, дар соли 2015, аз тарафи ожонс,  163 бозрасӣ ва тафтиши молӣ сурат гирифт, ки дар натиҷаи ин бозрасиҳо, ба ҳаҷми 42 миллион сомонӣ зарари молӣ ошкор гаштааст.

Аҳмадзода гуфтааст: “Алайҳи муҷримон парванди ҷиноӣ ифтитоҳ шудааст, ки ҷурмашон аз ҷумла иборат будааст аз: азхудкунии пул, сӯистифода аз вазифа, кулоҳбардорӣ, ришва, касбу кори ғайриқонунӣ, фирор аз пардохти молиёт, қочоқ ва мавориди дигар”.

Вай ишора намудааст, ки дар тӯли ин муддат, тавассути кормандони мубориза бо фасод 152 маврид (148−2014) парвандаи ҷиноӣ содир шуда, ба суд фиристода шуд, ки 125 мавриди он зиндонӣ шуданд. Дар тайи ин муддат дар робита бо хариду фуруши ғайриқонунии замин 65 мавриди фасоди молӣ ба сабт расидаат.

Раиси Ожонси назорати молӣ ва мубориза бо фасод дар идома гуфтааст: “Дар натиҷаи иқдомоти ҳамкорони мо,  103,8 гектар замини зироатӣ, ки ба сурати ғайриқонунӣ вогузор шуда буданд, ба ҳолати собиқ бозгардонида шуд”.

general.images