Созмони ҳамкории исломӣ дар баёнияи худ рафторҳои Исроил бар зидди фаластиниҳоро ҷароими ғайриинсониӣ ва ваҳшёна номид

Сарони кишварҳои Созмони ҳамкории исломӣ бо интишори баёнияи ниҳоии дар поёни нишасти фавқулъодаи ин созмон дар Истамбул, аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хостори ҳифозати байналмилалии мардум Фаластин шуданд.

Ба гузориши хабаргузории Восток-Нюз, сарони кишварҳои Созмони ҳамкории исломӣ рӯзи 18 май бо интишори баёнияи ниҳоии 30 моддаӣ дар поёни нишасти фавқулъодаи ин созмон дар Истамбул, аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хостори ҳифозати байналмилалии мардум Фаластин, аз ҷумла эъзоми нерӯҳои байналмилалии ҳофизи сулҳ ба ин минтақа шуданд. Ин кишварҳо Исроилро ба далели иртикоб ба ҷароими ғайриинсониӣ, ваҳшёна ва ғайриқонунӣ дар қиболи мардуми Фаластинро, ки ба ишғоли ғайримашрӯъи сарзамини Фаластин ва ба вежа навор Ғазза даст ба эътирози мусоламатомез зада буданд, маҳкум карданд. Дар ин баёния Исроил ба унвони нерӯи ишғолгар муқассири аслии ҷон бохтани беш аз 60 тан ва захмӣ шуданӣ беш аз 2700 тан аз ғайринизомиёни фаластинӣ дар хилоли рухдодҳои рӯзи 14 май эълом ва тасреҳ шудааст: ин иқдомоти ваҳшиёна тавассути нерӯҳои ишғолгари Исроил ва бо ҳимояти Амрико, ки дар Шӯрои амният монеъи ҳисобрасӣ аз ин кишвар мешавад, анҷом гирифтааст. Ин ҷароим пушти интиқоли ғайриқонунии сафоратхонаи Амрико ба Қудс сурат гирифта ва ба давлати Исроил шуҷоати иқдом алайҳи мардум бегуноҳро додааст. Дар баёнияи мазкур бо ишора ба ин, ки ҳифзи мавқеияти таърихӣ, маънавӣ ва қонунии шаҳри Қудс чорчӯби аслии ин созмонро ташкил медиҳад, аз ниҳодҳои байналмилалӣ ба вижа Шӯрои амнияти Созмони милали муттаҳид хоста шудааст, то заминаи ҳисобрасии Исроил дар қиболи ҷароими ин кишвар алайҳи мардум Фаластин фароҳам ва ҳамчунин ин ниҳодҳо барои поён ёфтани ин иқдомоти золимона ба таври қонунӣ ва ахлоқӣ иқдом кунанд. Дабири кулл созмони ҳамкори исломӣ тайи ин баёния хостори ташкили кумитаи коршиносони байналмилалии мустақил барои расидагӣ ба ҷиноёт ва куштори низомиёни Исроил ва таъйини масъулияти кайфари мақомоти ин кишвар ва ироаи онҳо ба ниҳодҳои марбутаи байналмилалӣ шуд. Дар ин баёния органҳои аслии Созмони милал шомили Шӯрои амният, Дабири кулл, Маҷмаъи умумӣ, Шӯрои ҳуқуқи башар, Комиссари олии ҳуқуқи башар ва дидабонон вижа барои ташкили фаврии як кумитаи баррасӣ барои расидагӣ ба мавориди мазкур фаро хонда шуданд. Сарони кишварҳои исломӣ ҳамчунин дар ин баёния ба аҳамияти ҳамкорӣ дар як чорчӯби мушаххас бо Иттиҳодия араб, Аврупо ва Африқо ва соири ниҳодҳои байналмилалӣ ва минтақаӣ таъкид карданд. Дар ин баёния бо ишора ба марказияти Қудс ва масъалаи Фаластин барои мусулмонони ҷаҳон омадааст: ба ҳимоят аз талошҳои мардуми Фаластин барои таъйини сарнавишти худ ва ташкили давлати мустақил дар чорчӯби тавофуқи соли 1967 идома дода ва тамоми кишварҳоро ба ба расмият шинохтани ин кишвар даъват мекунем. Созмони ҳамкории исломӣ бори дигар шиносоии ғайриқонунии Қудс ба унвони пойтахти нерӯи ишғолгари Исроил тавассути раисҷумҳури Амрикоро беэътибор хонда ва онро ҳамла ба ҳуқуқи таърихӣ, миллӣ, табиӣ ва қонунии мардум Фаластин донист. Дар ин баёния омадааст: кушоиши сафоратхонаи Амрико дар Қудс ишғоли мавқеияти ин шаҳр ба унвони пойтахти абадии Фаластинро тағйир надода, балки мӯҷиби таҳкими мавзеъи мо дар қиболи ғайриқонунӣ будан илҳоқи он тавассути нерӯи ишғолгари Исроил мешавад. Дар ин баёния аз кишварҳои узв хоста шуд то монеъи вуруди колои Исроил ба бозорҳояшон шуда ва тадобири лозим дар мавриди фаъолиятҳои ашхоси ҳуқуқӣ ва воқеъӣ, ки аз ишғоли Фаластин суд мебаранд, иттихоз шавад. Дар баёнияи мазкур бо таъкид бар лузуми ҳимоят аз фаъолиятҳои Созмон милал муттаҳид барои оворагони фаластинӣ дар Ховари Наздик UNRWA аз сӯи кишварҳои узв, омадааст: дар ин замина ташкили сандуқи тавсеаи вақф ризоятбахш аст. Созмони ҳамкории исломӣ дар чорчӯби қатъномаи 194-и Маҷмаъи умумии Созмони милал муттаҳид ба ҳаққи бозгашти паноҳҷуёни фаластинӣ таъкид мекунад. Дар заминаи барқарории адолат ва сулҳ дар гоми нахуст бояд ҷиноёт ва поксозии қавмӣ алайҳи фаластиниҳо, ки 70 сол пеш дар Рӯзи Накбат сурат гирифт, ба расмият шинохта шавад. Ҳамзамон бо Рӯзи Накбат ва иҷроӣ шудани тасмими Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико мабнӣ бар интиқолт сафорати ин кишвар ба Қудс, бар асари ҳамлаи низомиёни Исроил ба ширкаткунандагон дар тазоҳуроти мусоламатомез 62 фаластинӣ шаҳид ва беш аз 3188 нафар дигар захмӣ шуданд. Дар пайи ин қатли ом нишасти фавқулъодаи Созмон ҳамкории исломӣ барои баррасии таҳаввулоти ахир дар Фаластин, асри ҷумъа бо даъвати раисҷумҳури Туркия ва раиси давраии ин созмон бо ҳузури мақомоти беш аз 40 кишвари исломӣ дар Истамбул баргузор шуд. Соли гузашта низ пас аз эъломи тасмими Трамп барои интиқоли сафорати Амрико ба Қудс, нишасти фавқулъодаи Созмони ҳамкори исломӣ дар Истамбул баргузор шуда буд. Дар он нишаст, Қудси шарқӣ ба унвони пойтахти Фаластин эълом ва аз ҳама кишварҳо хоста шуда буд то Қудси шарқиро ба унвони пойтахти давлати Фаластин ба расмият бишносанд. Созмони ҳамкории исломӣ муташаккил аз 57 кишвари узв аз чаҳор қора, пас аз Созмон милал дувумин ниҳоди бузурги ҷаҳонӣ аст. Ҳадаф аз ташкил он ҳимоят аз Қудс аст ва пас аз ба оташ кашида шудани Масҷидул-Ақсо дар соли 1969 аз сӯи як масеҳии ифротӣ, бо ҳиммати сарони кишварҳои исломӣ дар Работ, пойтахти Марокаш таъсис шуд.

general.images