Созмони Милал, Э.Раҳмонро бадтарин президент медонад, ки ба миллати худ ситами фаровон раво медорад

Кумиссионери олии ҳуқуқи башари Созмони Милал гуфт, ки дар Тоҷикистон вазъи озодии матбуот, ҳомиёни ҳуқуқ, таҳдид, зӯроварӣ, боздошти худсарона, бадрафторӣ аъзои аққалиятҳои милливу мазҳабӣ ва ҷомеаи маданӣ ба таври чашмгир бад шудааст.

Эмомалӣ Раҳмон шахси бисёр касифу палиду хабис аст. Хабосату палидии ӯ дар чеҳрааш намоён аст. Чеҳрааш монанди хуке шудааст, ки аз асабонияту бераҳмию сангдилӣ ба гург монанд шудааст. Дар хабисӣ ва касофатии ӯ ҳамин бас, ки бо камоли бераҳмӣ кӯдакон (Ҳамза, набераи бемори Кабирӣ ва духтари Шабнам)-ро асир карда, падарони пиронсол ва бисёр куҳансол (падари Бобоҷон Қайюм ва М.Кабирӣ ва..)-ро борҳо ба амният фарёд карда шиканҷа кардааст, ки чанд нафар аз ин волидайн ба шаҳодат расидаанд.Эмомалӣ Раҳмон касофате аст, ки барои ба дастоварии курсии президентӣ даҳҳо ҳазор нафарро аз дами теғ гузаронд ва ҳазорон нафарро ҷабрдида гардонд. Ӯ барои президентӣ ҷанг ба роҳ андохт ва дар натиҷаи он бар асоси як оморе беш аз дусад ҳазор нафар ба қатл расид.Дар ноинсонии Эмомалӣ Раҳмон ҳамин бас, ки Маҳмадалӣ Расулов ба он эътироф кардааст, ҳар касеро ки аз ӯ интиқод мекардааст ба таври фаҷеъу бераҳмонае ӯро ба қатл мерасонад, ки Умаралӣ Қувватов намунае аз ин қатли бераҳмона аст. Шумо тасаввур кунед, шахсоне монанди Умаралӣ Қувватов чандто будаанд, ки Э.Раҳмон ва С.Ятимов онҳоро нест кардаанд?Қатлу куштору террору ҷинояти Эмомалӣ Раҳмон ва Саймумин Ятимов имрӯзҳо дар ҳама ҷо маълум шуда ва ҳатто ҷаҳон ва Созмони Милал низ аз он огоҳ гашта, аз Э.Раҳмон ва зердастонаш ба шиддат интиқод мекунанд. Созмони Милал дар гузориши имрӯзаш ба шиддат алайҳи Эмомалӣ Раҳмон ва ҳукуматаш тохта, аз кишварҳои аврупоӣ ва ҷаҳон хостааст, ки алайҳи ӯ таҳрими иқтисодӣ барқарор кунанд. Ин созмон режими Раҳмонро дар шиканҷаи гумонбарҳо, шиканҷаи зиндониён то марг, поймолкунии ҳуқуқи шаҳрвандон, саркӯби озодандешону мухолифон, худсарона зиндонӣ кардани мухолифон ва даҳҳо ҷинояти дигар, ки аз тарафи режими Раҳмон содир мешавад айбдор дониста, фишори ҷаҳон алайҳи Э.Раҳмонро хостор шуданд.Ба гузориши хабаргузории Востокнюз ба нақл аз Озодӣ, Мишел Бачлет, Кумиссионери олии ҳуқуқи башари Созмони Милал гуфт, ки дар Тоҷикистон вазъи озодии матбуот, ҳомиёни ҳуқуқ, таҳдид, зӯроварӣ, боздошти худсарона, бадрафторӣ аъзои аққалиятҳои милливу мазҳабӣ ва ҷомеаи маданӣ ба таври чашмгир бад шудааст. Гузашта аз ин шиканҷа ва бадрафторӣ бо муттаҳамон ба ҷиноят бисёр зиёд ва масъулони чунин ҷиноятҳо ҳеҷ ҷазое ҳам намегиранд. “Хабаргузории Восток-Нюз: Сиддиқи Акбар

general.images