Созиш барои сабқати “Истиқлол” бо “Локомотив”-и Маскав

Тими “Истиқлол”-и шаҳри Душанбе, қаҳрамони чаҳоркаратаи Тоҷикситон бо тими “Локомотив”-и Маскав дар бозии дӯстона сабқат хоҳад кард.

Тими “Истиқлол”-и шаҳри Душанбе, қаҳрамони чаҳоркаратаи Тоҷикситон бо тими “Локомотив”-и Маскав дар бозии дӯстона сабқат хоҳад кард.Дар ин бораи торномаи бошгоҳи “Истиқлол” хабар дода, афзудааст, ки раҳбарияти даста дар бораи гузаронидани бозии рафиқона дар Душанбе бо масъулини тими “Локомотив”-и Маскав аллакай гуфтушунид анҷом додаанд. Ба иттилои манбаъ, созиш шудааст, ки бозии рафиқона тобистони соли равон, баъди ба охир расидани чемпионати Русия баргузор хоҳад шуд: “Макони бозӣ Варзишгоҳи марказии Душанбе буда, дар бораи санаи баргузории он баъдан иттилоъ дода хоҳад шуд”.Ин чорумин дидори варзишгарони тоҷик давоми чанд соли ахир бо тими “Локомотив” хоҳад буд. “Локомотив” яке аз дастаҳои овозадор, қаҳрамони дукаратаи Русия буда, сармураббии он Игор Черевченко, собиқ футболбози дастаи мунтахаби Тоҷикистон мебошад.

general.images