СММ: Ҳукми номуносиб алайҳи Мирсаидов аломати вазъи вазнини озодии баён дар Тоҷикистон аст

Дафтари ҳуқуқи башари СММ аз Тоҷикистон даъват мекунад, ки ӯҳдадориҳои байналмилалии худро дар бахши ҳуқуқи инсон, аз ҷумла, ӯҳдадориҳои дар доираи Шарҳи универсалии даврии Шурои ҳуқуқи башари СММ дар соли 2016 ба зимма гирифтаашро оиди "таъмини озодии баён, иттиҳодияҳо, анҷуманҳо ва озодии дин тибқи меъёрҳои байналмилалии ҳуқуқи инсон,” иҷро кунад.

Ба гузориши Востокнюз, Хайрулло Мирсаидов, рузноманигори мустақил ва боэҳтиром, роҳбари гуруҳи мунтахаби КВН бо иттиҳомоти азонихудкунӣ ва исрофкории маблағҳои давлатӣ, сохтакории ҳуҷҷатҳо ва дидаю дониста расонидани хабари бардурўғ ба 12 соли зиндон маҳкум шуд. Ин иттиҳомот нисбати вай баъди пахши номаи саркушодааш, ки дар он шахси мансабдори минтақавиро ба фасод айбдор мекард, эълон карда шуданд.Дафтари ҳуқуқи башари СММ дар Осиёи Марказӣ аз ҳукм нисбати ҷаноби Мирсаидов, ки метавонад буғишавии фаъолияти рӯзноманигориро ҷиддан таҳрик диҳад, изҳори нигаронии амиқ мекунад. Роҳбари Дафтари минтақавии ҳуқуқи башари СММ дар Осиёи Марказӣ, Ришард Коменда гуфт: "Ҳукми хеле сахт ва ошкоро номуносиб алайҳи Хайрулло Мирсаидов аломати дигари вазъи руз то руз вазнини озодии баён дар Тоҷикистон аст”. Дар тӯли чанд соли охир, мақомоти Тоҷикистон таъқиби судии журналистони мустақил, фаъолони ҳуқуқи башар ва адвокатҳоро танҳо барои он ки онҳо сухан кардаанд ва машғули касби худ будаанд, зиёд намуданд. Ин, дар байни дигар оқибатҳо, ба худсензураи фарогир ва аз кор мондани расонаҳои мустақили хабарӣ оварда расонид.Натиҷаи мурофиаи судии ҷаноби Мирсаидов танҳо як зуҳури охирини ин тамоюл буда,Тоҷикистонро аз иҷрои тавсияҳои сершумори механизмҳои ҳуқуқи инсони СММ дур менамояд. Зимни сафари худ, соли 2016, Маърӯзачии вижа оид ба пешбарӣ ва ҳифзи ҳуқуқ ба озодии андеша ва баён тавсия дода буд, ки Тоҷикистон таъқибу озори эҳтимолии журналистонро шадидан маҳкум кунад ва қайд намуд, ки "бе муҳофизати мақомоти судӣ аз зӯроварию озор, рӯзноманигорон наметавонанд нақши марказии худро дар таъмини дастрасии ҷамъият ба иттилоот дар кишвар иҷро кунанд”.Дафтари ҳуқуқи башари СММ аз Тоҷикистон даъват мекунад, ки ӯҳдадориҳои байналмилалии худро дар бахши ҳуқуқи инсон, аз ҷумла, ӯҳдадориҳои дар доираи Шарҳи универсалии даврии Шурои ҳуқуқи башари СММ дар соли 2016 ба зимма гирифтаашро оиди "таъмини озодии баён, иттиҳодияҳо, анҷуманҳо ва озодии дин тибқи меъёрҳои байналмилалии ҳуқуқи инсон,” иҷро кунад. Тоҷикистон бояд ҳукми ҷаноби Мирсаидовро бознигарӣ кунад, то ин ҳукм бо вазнинии кирдори эҳтимолии содиршуда мувофиқ бошад.

general.images