Сиёсати динситезии Раҳмон ба варзишгарон низ расид

Варзишгарони тоҷик аз ҳаққи доштани риши баланд ва пӯшидани либоси мазҳабӣ, аз ҷумла рӯсарӣ, маҳрум хоҳанд шуд.

Режими Раҳмон дар давоми сиёсати зидди Исломи худ, ки 13 ҳазор ришро тарошида ва чанд даҳ ҳазор сатрҳоро аз сари мусулмондухтарони тоҷик бардошта буд, ин бор поро фаротар гузошта, варзишгаронро ки теъдодашон ҳатто ба адади ангуштон намерасадро низ ба риштарошӣ ва сатргирии иҷборӣ маҷбур кардааст ва барои инки ин кор қонуни шавад, кумитаи ҷавонон қонуне пешниҳод кардааст, ки худро масхараи ҷаҳон кард ва он инки ришу мӯйи сари баланд сабаби бемориҳои сироятӣ шуда, сатр ба варзиш халал мерасонда будааст.Ба гузориши хабаргузории Востокнюз ба нақл аз Озодӣ, варзишгарони тоҷик аз ҳаққи доштани риши баланд ва пӯшидани либоси мазҳабӣ, аз ҷумла рӯсарӣ, маҳрум хоҳанд шуд. Бар асоси тарҳи Кодекси одоби варзишгарони тоҷик, ки бори аввал аз тарафи Кумитаи ҷавонон омода ва барои баррасӣ пешниҳод шудааст, "варзишгарон, инчунин, набояд мӯйи сари баланд ва нохунҳои дароз дошта бошанд".То кунун ҳузури баъзе аз варзишгарони тоҷик дар майдони футбол ё гуштӣ бо риши нисбатан баланд мушоҳида шудааст. Чанд сол қабл Парвиз Турсунов, бозигари тими "Хайр"-и Ваҳдат, низ ба далели риши дарозаш ба бозӣ роҳ дода нашуд ва ин баҳси зиёдеро ба по кард. Аммо мутахассисон мегӯянд, ки миёни бонувони варзишгари тоҷик пӯшидани либоси мазҳабӣ, ба мисли ҳиҷобу рӯсарӣ маъмул нест ва маълум нест, чаро ин масъала дар Кодекси одоб матраҳ шудааст. (Озодӣ)Мақомоти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон рӯзи 6 май дар суҳбат гуфтанд, ки барои таъини ин меъёр далелҳои худро доранд. Аз ҷумла, ба қавли Сӯҳроби Акбаршо, як масъули Кумита, “ин кор бо ҳадафи риояи тозагӣ аст. Ба хотири нагузаштани бемориҳои сироятӣ баъзе аз чизҳо, ба монанди нагузоштани ришу мӯйи сари баландро таъкид кардем. Сатр дар чанд намуди варзиш дар вақти сабқат халал мерасонад.” (Озодӣ)Хабаргузории Восток-Нюз: Сиддиқи Акбар

general.images