Сиёсати “бигиру бибанд” идома дорад; ин дафъа боздошти падари 66-солаи Бобоҷон Қаюмзод

Дар Тоҷикистон, мавҷи бигиру бибандҳои сиёсиён ва наздикони онон ҳанӯз идома дорад ва ин бор

Дар Тоҷикистон, мавҷи бигиру бибандҳои сиёсиён ва наздикони онон ҳанӯз идома дорад ва ин бор, падари 66-солаи Бобоҷон Қаюмзод, мавриди боздошт қарор гирифта ва ба ҷои номаълуме мунтақил шудаанд.

Ба гузориши пойгоҳи Рayom.net Тағоимурод Қаюмов, падари 66-солаи Бобоҷон Қаюмзод, фаъоли сиёсӣ ва узви Раёсати олии ҲНИТ, баъди даъватҳои зиёд, барои “сӯҳбат” ба Душанбе бурда шуд.

Ба гуфтаи наздикони бобои Тағоимурод, то кунун иттилое дар мавриди бозгашти ин мӯйсафед ба хонааш нест.

Яке аз наздикони бобои Тағоимурод ба сайти Рayom.net гуфтааст: "То ҳол ягон хабаре аз ӯ нест ва телефони дастиаш низ хомӯш карда шудааст”

Аммо ҷои нигаронии ин хонавода ин аст, ки бобои Тағоимурод бемории дил дошта ва ҳар лаҳза мумкин аст бар асари фишор ва сӯҳбатҳои номуносиб, бемории эшон авҷ бигирад, ки метавонад паёмадҳои ногувор ва хатарнокеро ба ҳамроҳ дошта бошад.

Лозим ба зикр аст, ки пеш аз ин, наздикони дигар фаъолони сиёсӣ ва аъзоёну масъулони ҲНИТ, аз ҷумла падари 95-солаи Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ин ҳизб мавриди бошдошт ва фишорҳои равонию асабӣ қарор гирифта буданд.

(Таҳияи Муҳаммадҷон Акбарзод)

 

general.images