Сим-корт дар Тоҷикистон 250 сомонӣ мешавад

Мақомоти Тоҷикистон тасмим гирифтаанд, ки нархи як сим-корти телефонҳои мобилӣ то 250 сомонӣ муқаррар карда шавад.

Ба гузориши хабаргузории Восток-Нюз, ба нақл аз Озодӣ, Мақомоти Тоҷикистон тасмим гирифтаанд, ки нархи як сим-корти телефонҳои мобилӣ то 250 сомонӣ муқаррар карда шавад. Қарор аст, ин тасмим пас аз 20-уми август дар Тоҷикистон иҷро шавад ва ширкатҳои мобилӣ муваззаф хоҳанд буд, сим-кортҳоро бо ҳамин нарх ба фурӯш бароранд.Бар асоси иттилои Озодӣ, манобеъ дар се ширкати мобилӣ вуҷуди чунин тасмимро тасдиқ карданд. Ба гуфтаи онҳо, аслан ташаббуси боло бурдани нархи фурӯши сим-кортҳо аз тарафи Вазорати корҳои дохилӣ аст.Онҳо гуфтанд, дар як маҷлис бо иштироки менеҷерони сатҳи болоии ширкатҳои мобилӣ, намояндагони Хадамоти алоқа ва мақомоти қудратӣ масъалаи боло бурдани нархи фурӯши сим-кортҳо матраҳ шудааст. Ин маҷлис гӯиё пас аз ҳамлаи 29-уми июл ба сайёҳони хориҷӣ дар ноҳияи Данғара сурат гирифта, мақомот дар доираи мубориза бо терроризм масъалаи боло бурдани арзиши сим-кортҳоро баррасӣ кардаанд, то "сокинон ҳар дам онро иваз накунанд".Ба гуфтаи манбаъ, "Нахуст мақомот пешниҳод кардаанд, ки нархи фурӯши як сим-корт 1000 сомонӣ таъйин карда шавад. Аммо пас аз радду бадалҳо қарор шудааст, нархи сим-корти телефони мобилӣ 250 сомонӣ таъйин карда шавад".Аммо яке аз мудирони баландпояи як ширкати мобилӣ дар Тоҷикистон низ вуҷуди чунин тасмимро тасдиқ кард. Ӯ гуфт, қарори то 250 сомонӣ гарон кардани нархи сим-кортҳо дар умум ба соҳаи алоқаи мобилӣ зарба мезанад. Ба гуфтаи вай,"Агар ин маблағ аз онҳое ситонида шавад, ки ҳоло сим-корт доранд, бештари одамон аз сим-корт даст мекашанд. Агар ин нарх танҳо барои онҳое бошад, ки акнун сим-корт мехаранд боз ҳам, бо ин нархи гарон кам касе ҳозир мешавад, сим-корт бигирад. Дар тамоми ҷаҳон сим-корт ба муштарӣ ройгон дода мешавад".Вай гуфт, хароҷоти муштариёни алоқаи мобилӣ дар Тоҷикистон то ҳадде зиёд шудааст, ки барои одамон арзонтар аст, сим-корти русӣ ва ё қирғизиро харида, тариқи роуминг аз он истифода кунанд.Феълан дар Тоҷикистон чаҳор ширкат – "Бабилон", "Тселл", "Мегафон" ва "Билайн" ба аҳолӣ хадамоти мобилиро пешниҳод мекунанд. Дар Тоҷикистон айни замон 4,1 миллион муштарии фаъоли алоқаи мобилӣ вуҷуд доштааст.

general.images