Се мушкили пеши руи Тоҷикистон барои ҳифзи истиқлолияти худ

Ҳафиз Бобоёров гуфтааст, ки кишварҳое мисли Тоҷикистон бояд барои ҳалли се мушкили ақибмондагии улуми фанноварӣ, бекорӣ ва муҳоҷирати коргарон иқдом кунанд.

Ба гузориши хабаргузории Восток-Нюз, ба нақл аз Озодагон, Донишманди улуми фалсафаи тоҷики муқими Олмон муътақид аст, истиқлоли Тоҷикистон дар оянда ба ҳал шудани се мушкили асосӣ бастагӣ дорад. Ҳафиз Бобоёров гуфтааст, ки кишварҳое мисли Тоҷикистон бояд барои ҳалли се мушкили ақибмондагии улуми фанноварӣ, бекорӣ ва муҳоҷирати коргарон иқдом кунанд, ки дар сурати муваффақ набудан дар ин амр вобастаи қудратҳои бузург хоҳанд шуд. Вай таъкид мекунад, ки рушду пешрафти Тоҷикистон дар ояндаи наздик ва ҳифзи истиқлоли ин кишвар ба ҳалли ин се мушкил бастагӣ хоҳад дошт.Ба гуфтаи Бобоёров, идомаи сиёсати феълӣ дар Тоҷикистон, ки бар пояи афзоиши фиристодани ҳар чӣ бештари нерӯи кории ҷавони ин кишвар ба Русия ва сохти корхонаҳои семент ва коркарди маъдани олудакунандаи муҳити зисти Чин дар қаламрави ин ҷумҳурӣ аст, ба мизони вобастагии Тоҷикистон ба Маскав ва Пекин хоҳад афзуд. Аз дидгоҳи ин коршинос, бо идомаи шароити феълӣ, тафаккури коргарӣ кардан дар Русия ва дар корхонаҳои чинии олудакунандаи муҳити зист дар дохили Тоҷикистон ба андешаи ғолиб барои насли ҷавони тоҷик табдил хоҳад шуд, ки ин ба маънии тақвияти тафаккури вобастагии бештар ба Маскав ва Пекин аст.Бобоёров таъкид мекунад, ки дар ояндаи наздик кишварҳои қаламрави минтақаи АвруОсиё дар сурати надоштани тавони тақвияти истиқлоли миллии хеш ба ба ду қудрати Русия ва Чин вобаста хоҳанд шуд.

general.images