Сафири Тоҷикистон дар Теҳрон ба Вазорати корҳои хориҷии Эрон эҳзор шуд

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон бо эҳзори Неъматуллоҳи Эмомзода, сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Теҳрон, барқияи шадидул-лаҳни худро таслими вай кард.

Ба гухориши Востокнюз, Баҳроми Қосимӣ сухангӯи ВКХ-и Ҷумҳурии Исломии Эрон бо эъломи хабари эҳзори сафири Тоҷикистон ба бинои ВКХ-и Эрон, изҳор дошт: “Имрӯз сафири Тоҷикистон дар Теҳрон тавассути мудири кулли Евразияи Вазорати умури хориҷа эҳзор ва маротиби эътирози шадиди кишварамон (Эрон) нисбат ба рафтори мақомоти он кишвар дар ҳодисаи террори дучархасаворони хориҷӣ дар Тоҷикистон ва ворид овардани иттиҳомоти кизб ва беасос ба Ҷумҳурии Исломии Эрон ба вай иблоғ шуд.”Сухангӯи ВКХ-и Эрон афзуд: “Дар ин дидор ба сафири Тоҷикистон тавзеҳ дода шуд, ки додани адреси ғалат мӯҷиби таҳйиҷ ва ташвиқи террористҳои такфирӣ барои шадид кардани иқдомоти хушунатбори худ шуда ва ба мувозоти он талош барои эҷоди тафриқаи мазҳабӣ ва таблиғи он аз тарафи баъзе аз маҳофил ва ашхоси динӣ ва расонаӣ натиҷае ҷуз эҷоди таниш, ноамнӣ ва афзоиши иқдомоти террористӣ барои ин кишвар нахоҳад дошт; сиёсате, ки натиҷаи он дар иқдоми ғайриинсонии ахир дар куштори дучархасаворони бегуноҳ ба вузӯҳ қобили мушоҳидааст. Бетардид бетафовутӣ ва осонгирӣ нисбат ба тафаккури такфирии салафӣ ва ташвиқи ифротгароӣ тавтеъаи душманони сулҳ ва субот ва амнияти минтақа аст.”Қосимӣ гуфт: “Дар ин дидор мудири кулли Евразияи ВКХ-и Эрон изҳор дошт, ки Ҷумҳурии Исломии Эрон омодагӣ дорад тамоми таҷриба ва имконоти худро барои муқобила бо ҷараёни такфирии ифротгаро бо ҳадафи таҳкими сулҳу суботи минтақа ва фароҳам овардани муҳите амн барои боло бурдани рифоҳ ва саодати мардуми минтақа дар ихтиёри дӯстони худ қарор диҳад.”Дар ин дидор, сафири Тоҷикистон зимни ибрози таъассуф аз вақойеъи пеш омада изҳор дошт, ки маротиби эътирози давлати Ҷумҳурии Исломии Эронро ба иттилоъи мақомоти Тоҷикистон хоҳад расонд. Ин масъала дар ҳоле иттифоқ меафтад, ки ВКД-и Тоҷикистон дар сайти расмии худ, гуфта буд, ки Ҳусейн Абдусамадов, раҳбари ҳамлагарон, ллар солҳои 2014 ва 2015 дар шаҳрҳои Қум ва Мозандарони Эрон омӯзиши низомӣ дида ва дар онҷо ба ҲНИТ пайваста будааст.Пештар сухангӯи Вазорати хориҷаи Эрон зимни маҳкум кардани ҳамлаи террористӣ дар Тоҷикистон ҳаргуна иртиботи Эрон бо ин ҳодиса ва вуҷуди ҳаргуна пойгоҳ ҷиҳати омӯзиши иқдомоти харобкорона дар хоки худро ба шиддат такзиб карда буд.

general.images