Сафири нави ИМА дар Душанбе оғоз ба кор кардааст

Элизабет Миллард, сафири нави Амрико дар Тоҷикистон вориди Душанбе шудааст.

Аз Сафорати ИМА дар Тоҷикистон гуфтанд, хонум Миллард пас аз адои савганд, ки маросими он 14 декабри соли 2016 дар Вашингтон (округи Колумбия) баргузор гардид, барои иҷрои вазифааш ба Душанбе омадааст: “Хонум Миллард дипломати ҳирфаии Хадамоти дипломатии Амрико буда, дорои рутбаи баланди Мушовир-фиристода мебошад. Ҳангоми адои вазифа дар Ҳиндустон ва ба ҳайси муовини роҳбари намояндагӣ дар Қазоқистон, ва адои чанд вазифа дар Шӯрои амнияти бехатарӣ, минҷумла ба ҳайси директор ва ёрдамчии махсуси Президент оид ба масоили Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ, таҷрибаи бой ва дониши кофӣ марбут ба ин манотиқ ба даст овардааст”. Манбаъ меафзояд, Элизабет Миллард фаъолияти дипломатии хешро аз соли 1992 шурӯъ намуда, дар Касабланка, Копенгаген, Катманду, Прага фаъолият кардааст ва якчанд вазифаи дохили давлатиро низ бар дӯш доштааст: “Қабл аз фаъолияти дипломатиаш, Сафир Миллард ба ҳайси ҳамоҳангсози лоиҳаи Делфи Интернэшинал, мутахассиси лоиҳаи USAID дар Ню-Дели, корманди бонки “Континэнтел Иллинойс Нейшнл Бэнк энд Траст Компани” дар Манамаи Баҳрайн адои вазифа намудааст”. Хонум Миллард соли 1978 соҳиби дараҷаи бакалаври илмҳои иқтисод аз Мактаби иқтисоди Лондон гашта, соли 1981 дараҷаи магистраро аз Мактаби тадқиқоти махсуси байналхалқии Донишгоҳи Ҷон Хопкинс соҳиб гаштааст. Барои фаъолитяи кориаш чанд маротиба соҳиби мукофотҳои Департаменти давлатии ИМА гардидааст. Ӯ ба забонҳои олмонӣ, фаронсавӣ, шведӣ, даниягӣ ва каме бо забони рӯсӣ ҳарф мезанад.Миллард дар мақоми сафири ИМА дар Душанбе Сюзан Эллиотт ро иваз кард, ки аз моҳи октбяри соли 2012 дар ин курсӣ менишаст. 

general.images