Саудӣ бо додани пулҳои калон ба Э.Раҳмон чӣ ҳадафҳоеро дар Тоҷикистон дунбол мекунад

Коршиноси тоҷик дар матлабе таҳти унвони «Арабистони Саудӣ дар байни ҷавонони Тоҷикистон нуфуз мекунад», Риёз-ро ба густариши нуфуз ва идеологияи ваҳҳобият ва салафигарӣ байни ҷавонони тоҷик муттаҳам кард.

Ба гузориши хабаргузории Восток-Нюз, ба нақл аз хабаргузори Форс, Хуршед Имомназаров, коршиноси тоҷик дар матлабе таҳти унвони «Арабистони Саудӣ дар байни ҷавонони Тоҷикистон нуфуз мекунад», Риёз-ро ба густариши нуфуз ва идеологияи ваҳҳобият ва салафигарӣ байни ҷавонони тоҷик муттаҳам кард. Дар ин матлаб омадааст: дар моҳи феврали соли 2018 мелодӣ дар расонаҳои Саудӣ ва Тоҷикистон ахборе дар хусуси марҳалаи поёнии сохти муассисаи омӯзишӣ барои кумитаи ҳолатҳои изтирории тоҷикҳо, мунташир шуд. Сармоягузории проекти мазкурро маркази кумакҳо ва амалиёти башардӯстонаи ба номи ”Шоҳ Салмон” бар ӯҳда дошт. Дар нигоҳи аввал дар ин ахбор чизи ғайри оддие нест; зеро 2 кишвар муддатҳо аст, ки равобити дипломатик барқарор ва проектҳои муштаракро тавсеа медиҳанд. Аммо бо таваҷҷуҳи бештар ба вазоифе, ки ин марказ дар оянда анҷом хоҳад дод, аҳдофи Саудиҳо аз иҷрои ин барномаҳо равшантар мешавад. Фаъолияти аслии ин маркази омӯзишӣ, иҷрои барномаҳо дар заминаи мудирияти изтирорӣ, омӯзиши наҷот ва масоили марбут ба тадорукот аст, бо ин ҳол, дар миёни вазоифи ин марказ як нукта низ вуҷуд дорад, ки ба иҷрои барномаҳои тавсеаи ҷавонони тоҷик муртабит аст. Маблағи ҷудошуда барои иҷрои ин проект як миллиону 634 ҳазор долларро дарбар мегирад. Дар ҳамин ҳол, 2 моҳ пеш сандуқи тавсеаи Саудӣ 35 миллион доллар барои сармоягузории проекти сохти мактабҳои зиёд дар қаламрави Тоҷикистон ироа кард, ки сармояи мазкур барои омодасозии пойгоҳҳои модӣ ва илмӣ ва ҳамчунин сохти мактабҳои миёна дар 30 минтақа ҳазина мешаванд. Бояд ба ин нукта фикр кард, ки чаро як кишвари арабие монанди Арабистони Саудӣ проектҳоеро дар Тоҷикистон иҷро мекунад, ки ба таври мустақим ва ғайри мустақим ба ҷавонони ин кишвар муртабит аст? Аввалан, набояд фаромӯш кард, ки Риёз ба таври муассир бо истифода аз сардии муносибат байни Эрон ва Тоҷикистон тасмим гирифтааст нуфузи худ дар зеҳнҳои ҷавонони тоҷикро густариш диҳад. Сониян, дар даврони нахустин ва дувумин кампини Шӯравӣ дар Афғонистон шоҳзодаҳои Саудӣ ба таври фаъол машғули сохти муассисаҳои омӯзишии мазҳабӣ дар ин кишвар ва Покистон буданд ва бо таваҷҷуҳ ба миқдори ками муассисаҳои омӯзишии давлатӣ ба вижа дар манотиқи рустоӣ, ин мактабҳо теъдоди зиёде аз ҷавонони афғон ва Покистониро ба худ ҷазб карданд. Баъдҳо ин мактабҳо ба марказҳои омодасозии фаъоли нерӯи муқовимати исломӣ, ки дар он ҷанг алайҳи кофирон иртиқоъ ёфта буд, табдил шуд ва фориғул-таҳсилони ин муассисаҳои омӯзишӣ баъдҳо ба нерӯҳои аслии Толибон ва Алқоида табдил шуданд. Саудӣ яке аз марказҳои густариши салафигарӣ ва ифротгароӣ дар минтақаи Ховари Миёна ва Осиёи Марказӣ мебошад. Илова бар ин тибқи иттилооти сервисҳои вижаи Ҳинд танҳо аз сол 2011 то 2013 мелодӣ Арабистони Саудӣ ҳудуди 25 ҳазор нафарро барои анҷоми фаъолитҳои таблиғотӣ фиристод ва ҳамчунин 250 миллион доллар барои сохти масҷид ва муассисаҳои таълимӣ тахсис додааст. Ба назари коршиносон тамом ин мубаллиғони фиристодашуда машғули илқои идеологияи ифротӣ, аз ҷумла ваҳҳобият ва салафигарӣ дар кишварҳои шарқӣ ва осиёӣ мебошанд.Сиддиқи АкбарМанбаъ: Форснюз

general.images