Сарнагун шудани як ҳавопаймои низомӣ дар шимоли Кобул

Сухангӯи Толибони Афғонистон аз сарнагун шудани як ҳавопаймои низомӣ дар натиҷаи ҳамлаи ин гурӯҳ хабар дод.

Сухангӯи Толибони Афғонистон аз сарнагун шудани як ҳавопаймои низомӣ дар натиҷаи ҳамлаи ин гурӯҳ хабар дод.Ба гузориши Радиои паштуии бурунмарзӣ, Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи Толибони Афғонистон рӯзи чаҳоршанбе муддаӣ шудааст, ки бомдоди имрӯз як ҳавопаймои низомӣ дар шимоли Кобули мавриди ҳамлаи гурӯҳи Толибони қарор гирифта, сарнагун шудааст. Ба гуфтаи ӯ, тамоми сарнишинони ин ҳавопаймо кушта шудаанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки ӯ ба теъдоди сарнишинон ишора накардааст.

general.images