Сарнавишти Меҳрубон Сатторов ибрате аст барои касоне ки ба КДАМ ва ваъдаҳои бардурӯғи Э.Раҳмон бовар мекунанд!

Меҳрубон Сатторов баъд аз инки ба Тоҷикистон баргашт, ба баландгӯи ҳукумати Э.Раҳмон табдил шуда, аз Э.Раҳмон таърифу тамҷид намуда, баргаштани мухолифонро сарлавҳаи видеои худ қарор дод.

Меҳрубон Сатторов узви гурӯҳи 24 буд ва шадидан аз сиёсат ва ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон интиқод мекард. Ӯ ҳатто дар Русия дастгир шуд ва паси панҷараҳои зиндон рафт, аммо билохира тоб наовард ва таслими Э.Раҳмон ва С.Ятим шуд.Эмомалӣ Раҳмон ҳамвора аз афви пушаймоншудагон сухан мекунад, аммо дар амал мухолифи онро ҳазорон бор ба исбот расонда аст. Ӯ бо ваъдаҳои бардурӯғ мухолифонро ба афву бахшиш даъват мекунад, аммо пас аз инки мухолифон баргаштанд ба сарнавишти Меҳрубон Сатторов гирифтор мешаванд.Режими Раҳмон режиме аст, ки инсоният дар он вуҷуд надорад ва танҳо чизе ки дар он аҳамият дорад ҳукумату қудрат аст. Шиори Э.Раҳмон ин аст, ки ҳукумат ҳадаф аст ва барои он ҳаркоре ки лозим аст анҷом деҳ, ҳатто агар сабаби қатлу нобудии зану фарзанди хеш ва ҳатто нобудии ҳамаи аҳолии Тоҷикистон шавад. Эмомалӣ Раҳмон бо ин шиор муддати 25 сол аст, ки бар сари қудрат аст ва ҳар касе, ки то ба ҳол дар сараш фикри раёсатҷумҳурӣ задааст – монанди Зайд Саид, Умаралӣ Қувват ва ғайра – ё ба таври фаҷеона ба қатл расидааст ва ё ба таври бераҳмонаю ноҷавонмардона ба ҳабси абад гирифтор шудааст ва ё ғарибона маҷбур ба фирор аз Тоҷикистон шудааст.Ба ҳамин хотир дар қомуси Э.Раҳмон афву бахшиш вуҷуд надорад ва агар дам аз афву бахшиш мезанад ба хотири ҷазби мухолифон ва баргаштани онон ба ватан аст. Баъд аз баргаштан он шахс маҷбур ба видеои ҳаррӯза шуда, бояд мухолифонро барои баргашт ташвиқ кунад ва ҳукумати Э.Раҳмонро ҳукумати хубу ободу ободгардон муаррифӣ кунад.Меҳрубон Сатторов баъд аз инки ба Тоҷикистон баргашт, баъд аз чанд рӯз гӯё бозҷӯӣ ба истилоҳ озод шуда ба баландгӯи ҳукумати Э.Раҳмон табдил шуда, аз Э.Раҳмон таърифу тамҷид намуда, баргаштани мухолифон ба ватан ва обод кардани онро сарлавҳаи видеои худ қарор дод.Сарнавишти Меҳрубон Сатторов ибратест бар касоне, ки ба ваъдаҳои дурӯғи Э.Раҳмон бовар карда, аз интиқоди Э.Раҳмон даст кашида таслим мешаванд. Хоҳ нохоҳ рӯзе меояд, ки ҳамаашон бояд ба фоидаи Э.Раҳмон аз худ видео нашр карда, мухолифонро ба баргашт ва ба истилоҳ ободгардонии ватан ва шукри амнияту ободии ҳукумати Э.Раҳмон даъват карда, мухолифонро санг занад.Ба гузориши хабаргузории Востокнюз ба нақл аз Ахбор, Меҳрубон Сатторов гуфт, дар фаъолиятҳои сиёсиаш як паҳлуи ғайриқонунӣ дошт: "Ман ба сарнагун кардани ҳукумат бо роҳи зӯроварӣ даъват мекардам, ки ин ғайриқонунӣ аст. Аммо ин ки танқид мекардам, дуруст буд. Ва ман ба фаъолиятҳои сиёсиам давом медиҳам. Ӯ ҳамсафони собиқашро итминони хотир дод, ки онҳое, ки мехоҳанд баргарданд, даъват кард, аз афви пешниҳодшуда истифода баранд. Вале, афзуд "ман ҳеҷ кадоми шуморо таблиғ карданӣ нестам, ки баргардед. Кори худатон аст.”Хабаргузории Восток-Нюз: Сиддиқи Акбар

general.images