Сарнавишти Иззат Амон- зиндон ҳадди ақал 5 сол!

Сарнавишти Иззат Амон- зиндон ҳадди ақал 5 сол!

Иззат Амон, ки иқдомоти зиёде барои муҳоҷирони тоҷик дар Русия анҷом дод ва кам кам мерафт ки ба қаҳрамоне табдил шавад ва мояи умеде барои муҳоҷирони мазлум гардад, ногаҳон рабуда шуд ва аз боздоштгоҳҳои Тоҷикистон сар бароварад.

Савол ин аст, ки сарнавишти Иззат Амон чӣ мешавад?

Дар бораи Иззат Амон бояд гуфт, ӯ инсоне аст, ки барои муҳоҷирон дил месузонд, арақ мерехт, фикр мекард ва аз ҳаққашон то ҷое ки имкон дошту аз дасташ мебаромад дифоъ мекард. Аммо ҳукумати Тоҷикистон ба хусус Эмомалӣ Раҳмон ин хел одамҳоро душмани худ медонад, чароки имиҷашон боло меравад, дар натиҷа ҳамтарози Эмомалӣ Раҳмон мешаванд, ки барои Э.Раҳмон қобили қабул нест.

Эмомалӣ Раҳмон ҳар тоҷикеро ки маъруф шавад, байни мардум маҳбуб шавад, ба мардум хизмат карда дар дилашон ҷой гирад, дар ҷо несташ мекунад ва ё пушти панҷараҳои торику яхи зиндон меандозад.

То ба ҳол чунин инсонҳое буданд, ки мехостанд барои миллаташон, кишварашон ва мардумашон хизмат кунанд, аммо Эмомалӣ Раҳмон онҳоро нобуд кард.

Яке аз чунин касонро метавон Боим номид. Ӯ касе буд, ки мехост дар Тоҷикистон даҳҳо корхона созад то мардум кор карда соҳиби нон шаванд, аммо Эмомалӣ Раҳмон пулу молашро гирифту худашро аз Тоҷикистон берун кард.

Боим дар Узбакистон ҳафт корхонаи калон сохту садҳо инсонро соҳиби кору нон кард. Аммо Эмомамалӣ Раҳмон ба ӯ туҳмати героинфурушӣ зад, ва дар ҳангоми дар Русия буданаш, дастгир шуд ва барои ҳамеша хомуш гашт.

Русҳо ки ӯро гирифтанд, гуфтанд ба дархости Эмомалӣ Раҳмон боздошт шуд. Эмомалӣ Раҳмон ӯро фурухт ва гуфт ӯ героинфуруш аст.

Иззат Амон низ дар дили халқи муҳоҷир ҷой боз мекард, Эмомалӣ Раҳмони ҳасуд, аз рӯи ҳасодат (из за завести) ӯро гирифту дар зиндон андохт.

Бо ин ҳисоб Иззат Амон ба зудиҳо озод намешавад. Ӯ ҳадди ақал 5 сол дар зиндон мемонад ва ногаҳон ба гуфтаи зиндонбонон худаш “касал” шуда, мемирад.

Ба ин сурат Иззат Амон низ ба хотири ҳасудии Эмомалӣ Раҳмон қурбонӣ шуда, сарнавишташ мубҳам мегардад.

Сиддиқи Акбар

general.images