Сармоягузориҳои ҳадафманди Саудӣ дар Осиёи Марказӣ\ инбор воми 50 миллион доларӣ ба Узбекистон

Ин қарордод дар чорчӯби сафари ҳайати Узбекистон бо роҳбарии муовини аввали вазири молия ин кишвар Аҳадбек Ҳайдаров ба Риёз имзо шудааст.

Ба гузориши хабаргузории Восток-Нюз, ба нақл аз сомонаи Фараж, Арабистони Саудӣ барои тавсеаи минтақаҳои рустоӣ ва зербиноҳои муҳандисӣ, иртиботӣ, роҳ ва ҳамлу нақли вилоятҳои Навоӣ, Фарғона ва Тошканди Узбекистон 50 миллион доллар ба ин кишвар вом медиҳад.Ин қарордод дар чорчӯби сафари ҳайати Узбекистон бо роҳбарии муовини аввали вазири молия ин кишвар Аҳадбек Ҳайдаров ба Риёз имзо шудааст. Ин тарҳ барои сохтмони беш аз 2 ҳазор манзили истиқоматӣ дар рустоҳои вилоятҳои Навоӣ, Фарғона ва Тошкандро дар назар дорад. Илова бар ин, дар чорчӯби ин тарҳ зербинои шабакаи обёрӣ, хатҳои лӯлаи газ, шабакаи барқ, роҳҳо ва ҳамчунин марказҳои иҷтимоиву варзишгоҳ, мактабҳо, дармонгоҳҳо, мағозаҳо ва истгоҳҳои автобус беҳбуд хоҳанд ёфт.

general.images