Сарзаниш ва сарнавишт

Халқи азизи мо дар ду кор устухон надорад: 1 – дар сарзаниш ва 2 – дар ситоиш. Агар хоҳем, ки нафареро зери тозиёнаи танқид нишон бигирем, чунон ба завқ дода хоҳем шуд, ки на зерро мебинем ва на забарро дар рафти ин кор. Ва агар касеро мехоҳем ситоиш бикунем, чунон маст мешавем, ки дигар, ба гуфтаи шоъир: “ту напурс, ҷони бобо, ту напурсу ман нагӯям... ”

Халқи азизи мо дар ду кор устухон надорад: 1 – дар сарзаниш ва 2 – дар ситоиш. Агар хоҳем, ки нафареро зери тозиёнаи танқид нишон бигирем, чунон ба завқ дода хоҳем шуд, ки на зерро мебинем ва на забарро дар рафти ин кор. Ва агар касеро мехоҳем ситоиш бикунем, чунон маст мешавем, ки дигар, ба гуфтаи шоъир: “ту напурс, ҷони бобо, ту напурсу ман нагӯям... ”Назди арбоби хирад, мояи имон адаб аст,Лоҷарам пешаи мардони сухандон адаб аст.(Мавлоно Балхӣ)Дар фазои рухнома (фейсбук) баҳсҳо зиёданд. Яке аз сиёсат мегӯяд, дигаре аз адолат, дигаре аз озодӣ, аз дин, аз миллат, аз касбият, аз дӯстӣ, ишқ...Ва як мӯди нав ҳам пайдо шуда. Ба Дориюши Раҷабиёни дӯстонаш санги “маломат” партофтан.Беадабро ба самовоти бақо манзил нест,Дар самовоти бақо манзили мардон адаб аст.(Мавлони Балхӣ)Бархе аз дӯстон, ошноён, дӯстони маҷозӣ аз дӯсту бародари ман, аз дӯсти хонаводагии мо – Дориюш “нороҳат” шудаанд. Нороҳат аз он шудаанд, ки ӯ зардуштӣ аст, нороҳатанд, ки ӯ бо лаҳҷаи теҳронӣ ҳарф мезанад. Бале, зардуштист, аммо мунофиқ, ки нест. Зардуштӣ буданашро магар аз касе пинҳон карда буд? На.Чиро аз вожаҳои мисли “ота” (падар), “кетман” (каланд), “яхта” (камтар), “давай” (бидруд, Худо ҳофиз), “гаренӣ”, “гизала” (тавонманд, пурзӯр) наметарсем, аммо ба ҷойи вожаи “картошка” себи зеризаминӣ гуфтан метарсем? Ва ё падарамонро, ки тоҷик аст “ота” мехонему аз “падар” гуфтан метарсем?Гар ту хоҳӣ, ки қадам бар сари иблис ниҳӣ,Боадаб бош, ки ғоратгари шайтон адаб аст.(Мавлоно Балхӣ)Он нафороне, ки бар зидди дӯсти ман, ки зардуштист, ҷурми номусалмон буданро часпондаанд, самимона ба оина нигоҳ кунеду аз худ бипурсед, ки имрӯз чӣ кори мусалмоние кардед? Намоз хондед? Рӯза гирифтед? Бо ин коратон миннат накунед, ки ин аз мунофиқӣ беш нест. Ин, ки фарз аст, қарзи гарданатон аст. Ва барои худ кардаед на барои Худо. Магар Худо бо ин ҳама бузургиаш ба рӯзаву намози шумо ниёз дорад?Оё ба як нафар бевазане кӯмак кардед имрӯз? Оё дасти мӯйсафедеро гирифтед имрӯз? Нафареро, ки дар хиёбон занеро дашном медод, даҳонашро бастед? Ҳамсояе, ки писари навҷавонаш аз “мардикорӣ” тобуташ расид, ҳолашро пурсидед? Тақдири тифлаки муҳоҷири тоҷик, Ъумар, ҳал шуд дигар, оре? Тақдири духтари тоҷик, ки аз тарафи аскарони аҷнабӣ, он ҳам бошад дар хоки Тоҷикистон таҷовуз шуд, ҳал шуд, оре? Э, бобо, пас ин мусалмонии ту аз зардуштӣ будан чӣ фарқе дорад, бигӯ?Кардам аз ъакл саволе, бигӯ имон чист?Ъакл бар гӯши дилам гуфт, ки: «имон адаб аст».Хондаам ҳарф ба ҳарф ҷумла каломуллоҳро,Оят-оят ҳамагӣ маънии Курон адаб аст.(Мавлони Балхӣ)Дориюше, ки ман мешиносам, ҳич гоҳ бар зидди ҳич дине, на танҳо Ислом, балки бар зидди динҳои дигар ҳам чизе наменависад. Чунки ӯ ъақлу фаросати расо дорад, ки ин корро накунад. Ин мо ҳастем, ки дар камбудии худ дигаронро гунаҳгор медонем.Мо зи дӯст, ғайр аз дӯст, мақсаде намехоҳем,Ҳуру ҷаннат эй зоҳид, бар ту бод арзонӣ.(Шайх Баҳоӣ)Ба ошноён бигӯям, ки инҷо дӯст ба маънои Худо истифода шудааст.Имрӯз дар рӯзномаҳои тоҷикӣ чунин сарлавҳаҳоро метавон ба осонӣ пайдо кард: “Ъолими нотакрор”, марди мондагор”, “родмарде дар роҳи...Ман ҳайронам, ки ин миллат чиро бо ин қадар ъолимони нотакрору родмардони асил ҳич ба ҷойе намерасида бошад...?Оҳ... Ту напурс, ҷони бобо, ту напурсу ман намирам...Мо дар бораи як оила навиштан ин қадар метарсем, аз мушкилоту камбудиҳои худ сухане намегӯем ва агар гӯем ҳам зери ҳазор парда пинҳон мекунем, аммо мушкилоти ҳама дунёро мехоҳем ҳал намоем. Мантиқ куҷост, ъазизам, мантиқ?...Яке аз ъакл мелофад, дигар томот мебофад,Биё, к-ин довариҳоро ба пеши довар андозем.Биҳишти ъадн агар хоҳӣ, биё бо мо ба майхона,Ки аз пои хумат рӯзе ба ҳавзи Кавсар андозем.Сухандониву хушхонӣ намеварзанд дар Шероз,Биё Ҳофиз, ки то худро ба мулки дигар андозем.(Хофизи Шерозӣ)

general.images