Саргузашти Эшони Сироҷиддин, ба Балъами Боъурои Қуръон монанд аст!

Боздошти дубораи Эшони Сироҷиддин, ибрати дигаре бар ибратгирандагон!

Эшони Сироҷиддин, муллои дарборӣ ва инсоне аст, ки қиёмати худро ба дунёи Эмомалӣ Раҳмон муовиза кард ва ба истилоҳ “илми динӣ”-и худро дар хидмати Эмомалӣ Раҳмони тоғут қарор дод, аммо дар муқобил, натанҳо молу манол ба даст наовард, балки илова бар инки бар Исломи азиз хиёнат кард, обрӯи худро бурд, дарборӣ будани худашро собит, монанди саге ба дасти режими Раҳмон ронда шуд. Ва ин ибрате аст бар ибратгирандагон, ки Эмомалӣ Раҳмон ҳатто ба вафодортарин сагони худ хурдатрин аҳамияте намедиҳад!

Саргузашти ба истилоҳ “Эшон”-и Сироҷиддин, достони Қуръонии Балъами Боъуроро ба зеҳнам тадоъӣ кард, ки пешкаши хонандагони муҳтарам мекунам, ва хулосабарориро ба уҳдаи онҳо вогузор менамоям.

“....Ва лекин ӯ (Балъам) ба дунёдӯстӣ рӯй овард ва аз ҳавову ҳавас пайравӣ кард. Ӯ монанди саге аст, ки агар ба ӯ ҳамла кунӣ, забонашро берун мебарорад ё агар ӯро тарк кунӣ (биронӣ) боз ҳам забонашро берун мебарорад” (сураи Аъроф, ояти 176).

Муфассирон дар тафсири ояти мазкур (Аъроф175-176) гуфтаанд, ки ӯ Балъами Боъуро аст. Балъам инсоне буд, ки худро мулло медонист ва мустаҷобуддаъва буд. Ҳар дуое ки мекард, дуояш қабул мешуд ва инсоне буд, ки дар бораи дин гап мезад. Ӯ дар замони ҳазрати Мусо (а) зиндагӣ мекард ва ҳазрати Мусо (а) бо тоғути замонаш- ФИРЪАВН- ки дар Қуръон зиёд ёд шудааст, доим дар мубориза буд ва Фиръавнро ки мушрик буду худро худо медонист, муъминонро азобу шиканҷа медод, аз тарафи Худо вазифа дошт, ки ба яктопаратӣ ва роҳи Ҳақ даъват кунад.

Фиръавн аз ҳазрати Мусо (а) доим шикаст мехурд. Яке аз ин шикастҳоро метавон достони ҷодугароне донист, ки Фиръавн садҳо ҷодугарро ҷамъ карда ба онҳо ваъда дод агар Мусо (а)-ро шикаст диҳед ман ба шумо молу маноли зиёд медиҳам. Дар натиҷа, ҳазрати Мусо (а) бандеро табдил ба аждаҳо кард, ва ҳамаи ҷодугарҳо ки худро дар баробари пайғамбари Худо ҳазрати Мусо (с) нотавон ёфтанд, аз Фиръавн рӯ гардонда, ба Худо имон оварданд.

Фиръавн ки аз ҳазрати Мусо (а) зиёд шикаст мехурд ва ҳукумати худро дар ҳоли аз байн рафтан медид, ба Балъами Боъуро – муллои дарборӣ- мону манол ваъда дод. Балъами Боъуро ки дину қиёмати худро дар ихтиёри Фиръавни тоғут қарор доду худро ҳезуми дузах гардонд, алайҳи ҳазрати Мусо (а) иқдом кард. Дар натиҷа, на танҳо ба дунё нарасид, балки дар Қуръон ба саге монанд шуд, ки ронда шуд ва дину дунёи худро барбод дод.

Сабаби инки Балъами Боъуро ҳезуми дузах гашта, дар Қуръон танқид шудааст, ин аст, ки ба истилоҳ “муллое” буд, дину дуёни худро дар ихтиёри тоғут (Фиръавн) қарор дод, аз тоғут ки худро худо медонист ва муъминонро азоб мекард ҳимоят кард ва алайҳи дини Ҳақ бархост.

Бо саргузашти Сироҷиддин, достони қуръонии Балъами Боъуро дар зеҳнам гузашт ва Сироҷиддинро ҳамон Балъами Боъурои Қуръон ёфтам ки дину дунёи худро дар ихтиёри тоғут қарор дод, ва дар дунё худро беобрӯ карда дар қиёмат ҳезуми дузах гашт.

Ҳар домуллое ки дину дунёи худро дар ихтиёри Эмомалӣ Раҳмон ки тоғут аст ва бо муъминон меҷангаду бо бастани масҷидҳо, манъи азону намозу Қуръону сатру ҳиҷоб бо Ислом меҷангад, Балъами Боъурои замон аст, чароки Эмомалӣ Раҳмон тоғут ва фиръавни замон аст!

Сиддиқи Акбар

general.images