Саймумин Ятим, оташи зери хокистар!

Саймумин Ятим, чанде аст, ки хамушу сокит аст ва аз ӯ ҳеҷ хабаре пахш намешавад. Гарчӣ наметавон инкор кард, ки ӯ шахси бисёр мармуз ва ҷосуси чандҷонибаи варзидае аст, ки таълимҳои Исроил, ИМА ва Русияро ба хубӣ гузаронида, барои барбод додани як кишвар комилан таёр шуда, ҳаргиз ба доми фиреби Э.Раҳмон намеафтад.

Ӯ касе аст, ки барои раёсатҷумҳурӣ таёрӣ дида ва солҳо боз барои ба чанг овардани курсии президентӣ барномарезӣ карда, мунтазири интихоботи президентии 2020 Тоҷикистон аст.

НАҚШАҲОИ С.ЯТИМ;

Саймумин Ятим барои президентии худ нақшаҳое дошт, ки аз солҳо пеш онро якто-якто пеш бурд ва то ҳадди зиёде дар иҷрои он муваффақ буд. Нақшаҳо иборатанд аз:

1.Берун кардани танҳо рақиби президентӣ аз саҳнаи сиёсӣ;

Берун кардани танҳо рақиби сарсахти пуртарафдори мардумие чун Ҳизби Наҳзати Ислоии Тоҷикистон аз саҳнаи сиёсӣ кори бисёр душвор ва тақрибан номумкине буд, аммо Саймумин Ятим бо хат гирифтан аз раисиони худ (Исроили яҳуд ва ИМА) дар тарроҳии ихроҷи ҲНИТ муваффақ зоҳир шуд ва тавонист худро як гом ба президентӣ наздик созад. Протоколи 3220 далели инкорнопазире бар ин муддаост!.

2.Расво ва беобрӯ намудани Э.Раҳмон дар ҷаҳон;

Расво ва беобрӯ сохтани Эмомалӣ Раҳмон на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар ИДМ ва ҷаҳон, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ва аҳолии Тоҷикистонро аз Эмомалӣ Раҳмон рӯйгардон менамояд, гоми дигаре барои расидан ба президентии Саймумин Ятим аст. Агар интиқодҳо тавассути шаҳрвандони ҶТ ва созмонҳои ҳуқуқи башари байналмилалӣ аз Э.Раҳмон зиёд шавад, бар фикр ва зеҳни халқ асар гузошта, худ ба худ беээътимодӣ ва танаффур ба Э.Раҳмон афзоиш меёбад. Дар натиҷа мардум аз ӯ рӯйгардон шуда, оҳиста оҳиста ба мухолифати ошкор мепардозанд, ҳамонтавр ки дар солҳои ахир зиёд шуда, танқиди ошкоро аз Э.Раҳмон, ҳатто дар дохили Тоҷикистон афзоиш ёфтааст. Моҷарои боло бурдани нархи интернет, ки ҳамаи мардумро хезонд, далел бар муддаои мост!

Интиқодҳо алайҳи Э.Раҳмон ҳатто аз созмонҳои байналмилалие монанди ҳуқуқи башар, хонаи озодӣ, ҳимоят аз хабарнигорони мустақил ва... зиёд шуда, ки аз соли 2015 ба баъд Э.Раҳмон дар трибунҳои ҷаҳон ба бадтарин шахс хонда мешавад.

Хабари сафарбар шудани ногаҳонии вазири хориҷаи Ҳуланд дар пайи боздошти Шарофиддини Гадо ва лағви сафари он мутаоқиби озодии Шарофиддин, ва мусоҳиба дар шабакаҳои телевизионии Аврупоро низ метавон далеле бар ошкор шудани чеҳраи шайтонии Э.Раҳмон донист, ки ба фоидаи нақшаи Саймумин Ятим дар расвосозии Э.Раҳмон аст.

3.Иттиҳод бо Озода Раҳмон;

Саймумин Ятимов гоми дигари худ барои президентии Тоҷикистонро наздик шудан ва тарҳрезии дӯстию маъшуқабозӣ бо Озода Раҳмон медонист. Аз ҳамин рӯй, бо Озода Раҳмон – ки ҳам муҳтарамтарин шахс аз оилаи Э.Раҳмон ба Раҳмон, ва ҳам инки аз хуни Э.Раҳмон аст, чун Рустами Эмомалӣ фарзанди Э.Раҳмон нест - ки ба Э.Раҳмон наздиктар аст, наздик шуд.

Дар ишқбозию маъшуқабозии Саймумин Ятим бо Озода Раҳмон, ки қаблан низ дар бораи он мақолае навишта шуд, тавассути манбаъе наздик ба Саймумин Ятим ба инҷониб ирсол шуд.

Бинобар ин, Саймумин Ятим барои наздик шудан ба ҳадафи худ, ба Озода Раҳмон ишқбозиро ба роҳ андохт, то аз ҳамин роҳ битавонад як қадами дигаре ба ҳадафи худ наздик шавад.

Аммо дар инки Саймумин Ятим чунин инсоне аст, ки барои ҳадафаш ҳатто ба бешарафтарин роҳҳо даст бизанад, чизе аст, ки протоколи 3220 онро ошкоро таъйид мекунад ва пахши филмҳо “аз ҷогаи хоб ва ҳамхобагии одамон” худ далел бар бешараф будани Саймумин Ятим аст, ки бо фармони ӯ таҳия ва дар шабакаҳои умумии телевизионии Тоҷикистон борҳо пахш шуд.

Касе ки бешараф бошад, барояш фарқ намекунад, ки инсон оиладор бошад, аз ҳамин рӯй, барои расидан ба ҳадафаш ҳатто ба ҳамхобагӣ ва маъшуқабозӣ бо наздиктарин шахси президент низ даст мезанад.

4.Наркоман кардани Рустами Эмомалӣ;

Наркоман кардани Рустами Эмомалӣ яке аз нақшаҳои муваффақи Саймумин Ятим буд, ки аз солҳо пеш ба роҳ андохт ва тавонист Рустами Эмомалиро ба “Рустами Наркоман” табдил кунад.

Рустами Наркоман муддати чанд сол аст, ки “герчик” шудааст ва ҳарчӣ табобаташ мекунанд дигар бефоида аст; чароки беш аз ҳад ба маводди мухаддири “героин” одат кардааст, ки дигар бе он наметавонад.

Саймумин Ятим гарчӣ худро нишон надода ва дар пасипардаи ҳамаи расвогиҳои Э.Раҳмон аст, аммо оташи зери хокистаре аст, ки рӯзе аланга карда, Эмомалӣ Раҳмонро бо решаю пайвандаш балъида нобуд мегардонад ва раёсатҷумҳурии Тоҷикистонро ба даст мегирад!

Сиддиқи Акбар

general.images