Сайидмуҳаммад Алавизода дар бораи беҳбуди равобити Душанбеву Теҳрон

Хабаргузории “Форс” сафари Иброҳим Раҳимпур, муовини вазири хориҷаи Эрон ба Тоҷикистонро “боз кардани гуфтугӯи сареъ ва таъкид бар диалоги мустақим бо ҳадафи ҳалли мушкилот” хондааст.

Сайидмуҳаммад Алавизода, муаллифи ин матлаб ба “хатоҳои стратегӣ”-и ду тараф ишора карда, онҳоро “омили ҷиддии фосила ва ихтилофгирии ду кишвар аз якдигар” гуфтааст. Ба қавли ӯ, ин танишҳоро бояд дар замони кунунӣ беш аз ҳар замоне ҷиддӣ гирифт. Алавизода афзудааст: “Лозим аст Тоҷикисон бо огоҳӣ аз иқдомоти хасмона алайҳи Исломи миёнарав коста ва тарафи эронӣ низ ба дунболи ҷуброни мофот (он чи гузашта) эътимоди аз дастрафтаи тарафи тоҷикиро эҳё кунад”.Дар ин матлаб ба иштироки Муҳиддин Кабирӣ дар конфронси “Ваҳдати исломӣ” дар Теҳрон ҳам ишора гардида, он яке аз далелҳои тира шудани равобити Эрону Тоҷикистон қаламдод шудааст. Бо ин ҳол муаллиф менависад: “Албатта, ҳузури Кабирӣ дар ин конфронс иқдоми бесобиқа набуд ва вай ба таври маъмул ба унвони як чеҳраи шинохташудаи Осиёи Марказӣ бидуни дарназардошти мулоқоти сиёсӣ ҳамчун давраҳои гузашта ба ин маросим даъват шудаву сирфан ба ҷиҳати ошноиҳои гузашта барномаҳои ҳузур ва мулоқотҳои вай низ танзим ва ба мавриди иҷро расид”.Ба навиштаи Алавизода, ин бор мақомоти тоҷик бар бардошти нодуруст аз чароии даъват аз Кабирӣ аввал бо эҳзори сафири Эрон ва сипас дар сатҳи расона вокунишҳоеро оғоз кард. Ба таҳлили муаллифи матлаб Эрон дар тамоми ин муддати вокунишҳои мақомоти Тоҷикистон сукутро ихтиёр кард, ки ба қавли ӯ “дар ду сурат метавон ба тафсири он пардохт”. Ӯ афзуда,“ибтидо бинобар таҷрибаи адами мавзеъгирӣ нисбат ба воқеаҳои дохилии моҳҳо ва солҳои гузаштаи Тоҷикистон ин бор низ тасмимсозони кишвар бинобар суннати даъват аз Кабирӣ вайро ба ин конфаронс даъват ва ба далели он ки ҳадафе дар паси ҳузури вай надоштан, сиёсати сукутро баргузида назорагари рафтори Тоҷикистон буданд. Ва дуввум Эрон ба ҷиҳҳати нишон додани ҳусни нияти худ ва парҳез аз доман задан ба муноқиша сиёсати сукутро дар пеш гирифт то дар фурсати муносиб ба ҳалли он пардозад”.Ба ин тартиб муаллифи матлаб сафари муовини вазири корҳои хориҷиро талоши тарафи эронӣ барои кам кардани танниш дониста аст. Аммо, ӯ суол мегузорад, ки “бо таваҷҷуҳ ба мушкилоти мавҷуд дар равобити ду кишвар, ки бо чунин муҳаррикҳое худро нишон медиҳанд, оё бастараҳои лозим барои як тағйири ҷиддӣ фароҳам гардидааст то битавон нисбат ба натоиҷи сафари мақоми аршади дипломатӣ ба Тоҷикистон умедвор буд?” Ба бовари Алавизода, дар ростои беҳбуди равобити ду кишвар ирода ва ҳушёрии ҳарду тараф лозим аст то аз вуруд ва нақшофаринии кишварҳо ва ҷараёнҳои номарбут ба ҳавзаи тасмимгириҳои калони худ дар равоибит бо дигар кишварҳо худдорӣ кунанд. Сайидмуҳаммад Алавизода, зарфияти ҳамсонии Эрон ва Тоҷикистонро роҳҳали дигаре барои бурунрафт аз тирагии равобит дониста гуфтааст: “Иртиботи мардумӣ ва дипломатии умумӣ метавонад мададкори дипломатии расмӣ гардад. Мутаассифона, дар солҳои ахир иртиботи мардумии ду кишвари ҳамроҳ нисбат ба гузашта коҳиш ёфтааст”. Муаллифи матлаб амиқ шудани равобити Риёз ва Душанберо яке аз умдатрин масъала донистааст, ки бар робитаи Эрону Тоҷикисон таъсиргузор аст. Ӯ гуфтааст: “Бинобар шавоҳиди мавҷуд тайи солҳои ахир намояндагиҳои сиёсии кишварҳои Арабистон, Қатар ва Туркия дар Душанбе беш аз ҳар чизе нисбат ба фаъолиятҳои Ҷумҳурии исломии Эрон дар Тоҷикистон ҳассос буда ва дар арсаҳои сиёсӣ, идеологӣ, фарҳангӣ ва мазҳабӣ иқдомотеро дар назар гирифтаанд, то ба коҳиши нуфузи Эрон дар ин кишвар даст пайдо кунанд”.Оқои Алавизода амалкардҳои ҳаводорон ва мубаллиғони салафиятро дар ин замина муваффақ гуфта, ба даст доштани онҳо дар ростои эронҳаросӣ ишора кардааст. 

general.images