Сабти дубораи симкортҳо бо гирифтани асари ангуштони шаҳрвандон

Пештар дар хабарҳо эълом шуда буд, ки қарор аст, барои дарёфти симкорт, аз шаҳрвандон асари ангуштон гирифта мешавад, бар асоси хабарҳои мазкур, Раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон низ аз фурӯши симкортҳо, бо гирифтани асари ангуштон ва қатъи алоқа ва интернет дар ҳолатҳои зарурӣ ҷонибдорӣ намуд.

 Пештар дар хабарҳо эълом шуда буд, ки қарор аст, барои дарёфти симкорт, аз шаҳрвандон асари ангуштон гирифта мешавад, бар асоси хабарҳои мазкур, Раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон низ аз фурӯши симкортҳо, бо гирифтани асари ангуштон ва қатъи алоқа ва интернет дар ҳолатҳои зарурӣ ҷонибдорӣ намуд.

Дар ин бора Дафтари матбуоти раиси ҷумҳури Тоҷикистон, гузориш додааст, Эмомалӣ Раҳмон, имрӯз, 25-декабр, тағйирот ба қонун «Дар бораи алоқа»-ро имзо кард, ки бар пояи он операторони мобилии кишвар ба сабти дубораи ҳафт миллион симкорти қаблан фурӯхташуда ӯҳдадор мешаванд.

Гуфта мешавад, мавзӯи мазкур қаблан аз тарафи Мансурҷон Умаров, муовини аввали раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон матраҳ гардида буд, ки вай аз ҷумла гуфтааст, “солҳои ахир дар кишвар бидуни пешниҳоди ҳуҷҷат, беш аз 70 фоиз симкортҳои фаъоли операторони мобилӣ фурӯхта шудаанд. Ӯ гуфт, муайян шудааст, ки ҳатто аъзои созмонҳои экстремистӣ-террористӣ ва қочоқбарони маводи мухаддир аз симкортҳои беноми операторҳои мобилӣ истифода мебаранд”.

Умаров таъкид намуда, ки ҳадафи қонуни мазкур ба танзим даровардани фурӯши симкортҳо ва ҷилавгирӣ аз симкортҳои ғайрирасмӣ мебошад. Ба қавли Мансурҷон Умаров, дар Тоҷикистон беш аз ҳафт милион симкорт фаъол аст ва бар асоси ин қонун, соҳибони симкортҳо бояд аз нав онҳоро сабти ном кунанд.

Вай дар идома гуфтааст, дар сурате ки соҳибони симкортҳо барои сабти номи дубора иқдом накунанд, ширкатҳои мобилӣ симкортро ғайрифаъол хоҳанд намуд.

Ба гуфтаи коршиносон, ин мавзӯъ, ҷиҳати зери назар гирифтани муколимоти телефонии тамоми шаҳрвандон ва шиносоии онон, аз тарафи давлат тасмимгирӣ шудааст.

(Таҳияи Муҳаммадҷон Акбарзод)

general.images