Р.Зоиров дурӯғи ВКД-ро ошкор кард/ ВКД: "Р.Зойировро сагаш ба ҷӯй афтонд". Раиси ҲСДТ: дурӯғ аст!

Раҳматилло Зоиров дурӯғи ВКД-ро ошкор кард/ ВКД: "Р.Зойировро сагаш ба ҷӯй афтонд". Раиси ҲСДТ: дурӯғ аст!

Вазирон намояндаи раисиҷумуҳруанд. Вақте амале аз вазорате сар занад, ҳатман ба президент хатм мешавад ва мардум онро аз чашми президент мебинанд.

Раҳмататилло Зоировро бо дастури ҳукумат задаанд ва далелаш ҳам ин аст, ки вазорати корҳои дохила талош дорад то Зоировро дурӯғгӯ барорад ва шоҳиде низ тарошидаанд ки гӯё дидааст, ки Зоҳировро сагаш кашида ба даруни ҷӯйбори бетонӣ афтонда аст.

Зоиров гарчӣ баёнияи ВКД-ро дурӯғ хондааст ва дурӯғи вазорати корҳои дохилиро ошкор намуда, аммо набояд фаромӯш кард, ки вазорат қудратманд аст ва ҳар коре ки анҷом медиҳад ба дастури бевоситаи Эмомалӣ Раҳмон аст. Ба фармони Эмомалӣ Раҳмон Р.Зоировро латтукӯб кардаанд, ба фармони ӯ низ ахира девонааш мебароранд.

Чун шоҳиде тарошидаанд, ки гӯё дидааст Зоировро сагаш ба ҷӯйбор афтондааст, дар натиҷа сухани Зоировро дурӯғ мебароранд ва мегӯянд Зоиров девона шудааст ва аз ақл бегона гаштааст!

Раҳматилло Зоировро ба дасутри Эмомалӣ Раҳмон задаанд, боз мезананд ва девонааш низ мебароранд. Чун фармони Эмомалӣ Раҳмон аст, духтурҳо маҷбуранд Зоировро дар куктош ё девонахона, касали равонӣ гуфта, хобонанд.

Ин, аз аҷоиби ҳукумати Тоҷикистон аст. Девонаҳо ҷамъ шуда, раису вазиру вакил шуда, Тоҷикистонро девонаистон гардондаанд! Худо худаш халқи Тоҷикистонро аз дасти ин девонагон наҷот диҳад!

Хабаргузории Востокнюз ба нақл аз Озодӣ: Мақомоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 29-уми сентябр дар баёнияи расмӣ гуфтанд, ки Раҳматилло Зойиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократро касе назада, балки сагаш ба даруни ҷӯйбор афтондааст.

Раҳматилло Зойиров дар вокуниш ба баёнияи Вазорати корҳои дохилӣ гуфт, "чунин назар бепоя ва пур аз иштибоҳ аст. Дар зудтарин фурсат дар ин замина баёнияи расмӣ нашр мекунем”.

Сиддиқи Акбар

general.images