Рӯҳонӣ: Эрон аз густариши ҳамкорӣ бо Аврупо истиқбол мекунад

Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон гуфт, густариши ҳамкориҳои ҳамаҷонибаи Иттиҳодияи Аврупо ва Эрон дар ҳаллу фасли масоили печидаи минтақаӣ ва байналмилалӣ аз нақш ва аҳамияти вижае бархурдор аст.

Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон гуфт, густариши ҳамкориҳои ҳамаҷонибаи Иттиҳодияи Аврупо ва Эрон дар ҳаллу фасли масоили печидаи минтақаӣ ва байналмилалӣ аз нақш ва аҳамияти вижае бархурдор аст. ба нақл аз пойгоҳи итилоърасонии раёсати ҷумҳурӣ, Ҳасани Руҳонӣ, раиси Ҷумҳурии исломии Эрон рӯзи якшанбе дар дидори Марина Калҷуранд, вазири умури хориҷаи Эстония дар Теҳрон афзуд: "Эрон ва Эстония аз имконоти густардае барои густариш ва таъмиқи ҳамкориҳои муштарак бархурдоранд, ки бояд бо баҳрагирии муносиб аз мн имконот, дарҳои ҷадидеро барои тавсеаи равобит дар ҳавзаҳои мавриди алоқа кушуд.Рӯҳонӣ бо ишора ба мавзӯи терроризм ва зарурати муборизаи ҳамагонӣ бо он  тасреҳ кард: "Ҷумҳурии исломии Эрон нигарони бесуботӣ дар бархе кишварҳо аз шимоли Африқо то шуморе аз кишварҳои Ховари миёна аст.Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон ҳамчунин бо ишора ба пазироии Эрон аз миллионҳо овора ва паноҳҷӯ ва кӯмак ба давлатҳо ва миллатҳои минтақа барои мубориза бо гурӯҳҳои террористӣ гуфт: "Яке аз ҳавзаҳои ҳамкории Эрон ва Иттиҳодияи Аврупо, ройзанӣ ва ҳамоҳангӣ барои ҳифзи субот ва амнияти минтақа аст".Марина Калҷуранд, вазири умури хориҷаи Эстония низ аз Ҷумҳурии исломии Эрон ба унвони яке аз бозигарон ва нақшофарини муҳими минтақаӣ ва ҷаҳонӣ ном бурд ва тасреҳ кард: "Эстония хоҳони густариши ҳамкорӣ  бо Теҳрон дар ҳамаи ҳавзаҳои мавриди алоқа аст".

general.images