Рӯзҳои фарҳангии вилояти Суғд дар Самарқанди Узбакистон баргузор шуд

Рӯзҳои фарҳангии вилояти Суғди Тоҷикистон аз рӯзи ҷумъа дар шаҳри Самарқанди Узбакистон оғоз шудааст ва ба муддати се рӯз идома дошт.

Ба гузориши хабаргузории Восток-Нюз, рӯзҳои фарҳангии вилояти Суғди Тоҷикистон аз рӯзи ҷумъа дар шаҳри Самарқанди Узбакистон оғоз шудааст ва ба муддати се рӯз идома дошт.Ба манзури ширкат дар ин маросими фарҳангӣ ҳайъате ташкил шуда аз ҳунармандон, олимон ва нависандагон, намояндагони мақомоти давлатӣ ва маҳалии вилояти Суғди Тоҷикистон ба Самарқанд сафар карданд.Дар ин рӯзҳо маросими мухталифе бо ширкати ҳунармандони суғдӣ, ҷаласаҳо бо ҳузури нависандагон ва ҳамчунин ҳамоиши тиҷории минтақаҳои ду кишвари Тоҷикистон ва Узбакистон баргузор шуд.Дар чорчуби баргузории рӯзҳои фарҳангии вилояти Суғд дар вилояти Самарқанд ҳамчунин бозии дустона миёни тимҳои футболи шаҳри Хуҷанд ва Диному-и Самарқанд баргузор шуд.

general.images