Руҳуллоҳи Қаландар, фарзанд ва бародари шаҳид зери шиканҷаи саффокони Э.Раҳмон!

Руҳуллоҳи Қаландар, фарзанд ва бародари шаҳид зери шиканҷаи саффокони Эмомалӣ Раҳмон ва Саймумин Ятим

Руҳуллоҳи Қаландар фарзанди Муҳаммадшарифи Қаландар аст. Ӯ ифтихори онро дорад, ки ҳам фарзанди шаҳид аст ва ҳам бародари шаҳид. Ҳам падараш ва ҳам бародараш дар роҳи эътилои Ислом ба шаҳодат расидаанд.

Ҳамразмҳои Муҳаммадшарифи Қаландар дар аҳволоташ гуфтаанд, ӯ инсоне бисёр шариф, покизанафс, худсохта, муҷоҳиди роҳи Ҳақ ва хушсаъодат буд, ки ба таври фаҷеъе ба шаҳодат расид.

Дар солҳои 1993 нерӯи ҳукуматӣ таҳти раёсатҷумҳурии Эмомалӣ Раҳмон, ӯро қапида, бензин хӯронда ба танаи дарахт баста, бо норинҷаки автоматӣ (подствольник, ё подствольный гранатомёт) ба шикамаш тир задаанд, ки дар натиҷаи исобати норинҷак бо меъдаи пур аз бензин аз даруну берун кафида, ҷасадаш пора-пора шудааст.

Ӯ ба ин тариқ ба шаҳодат расид, дар ҳолеки чеҳраи бисёр нуронӣ, лабону забонаш бо калимаи ШАҲОДАТАЙН музайян шуда ва дилаш моломол аз имон ва ишқи ба Ислом буд ва Аллоҳгӯён ба диёрӣ боқӣ шитофт!

Пас аз шаҳодати Муҳаммадшариф Қаландар, писари калониаш, ки дар он замон ҷавони баруманди 20-сола буд, ба дасти саффокону хунхорони Эмомалӣ Раҳмон ба файзи шаҳодат ноил гашт.

Баъд аз гузашти 27 сол, саффокон ва хунхорони Эмомалӣ Раҳмон ин бор низ даст аз ин хонавода набардошта, фарзанди дигари ин оила –Руҳуллоҳи Қаландар-ро як моҳ боз аст, ки боздошт карда, таҳти бадтарин шиканҷаҳо қарор додаанд. Ҷурми Руҳуллоҳ Қаландарро то ба ҳол кодекси 305 (ҷосусӣ) гуфтаанд ва мумкин аст статяи 307 (хиёнат ба Ватан) ва қасди табаддулот доштанро низ ба ӯ бичаспонанд.

Рӯҳуллоҳи Қаландарро метавон шаҳиди зиндае номид, ки дар интизори пайвастан ба қофилаи шаҳидони оилааш, яъне падари азиз ва бародари барумандаш донист. Гарчӣ умедворем, ки Худованд сояи ӯро бар сари фарзандонаш нигаҳ дорад ва дудмони саффокону золимону ситамгароне чун Э.Раҳмон ва Саймумин Ятимро нобуд созад!

Фиристодашуда ба Востокнюз тавассути корбаре ки бо оилаи шаҳид Муҳаммадшарифи Қаландар аз наздик ошно аст!

Сиддиқи Акбар

general.images