Рустами Эмомалӣ ҷашни таваллуд 200 ҳазор евроӣ баргузор мекунад\ Оё Қонуни танзим фақат барои дигарон аст

Қарор аст Рустами Эмомалӣ барои ҷашни солгарди таваллудаш дар гаронтарин клуби шабонаи Душанбе беш аз 200 ҳазор евро масраф кунад.

Ба гузориши хабаргузории Восток-Нюз, ба нақл аз сомонаи Паём, қарор аст Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе ва писари раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон барои ҷашни солгарди таваллудаш дар гаронтарин клуби шабонаи Душанбе беш аз 200 ҳазор евро масраф кунад.Тибқи иттилои манбаъ, ҷашни сисолагии писари раисҷумҳур дар клуби шабонаи Royal Club бо ширкати сарояндаи ҳолландӣ Ева Мария Симонс (Eva Maria Simons) баргузор хоҳад шуд, ки ба он ҳудуди 100 нафар, аз ҷумла меҳмонони хориҷӣ даъват шудаанд.Масрафи ин ҷашнро манбаъи мазкур ҳудуди 200 ҳазор евро тахмин мезанад, ки 170 ҳазори он барои овардани сарояндаи ҳолландӣ масраф мешавад.Ин ҷашн қарор аст бегоҳи сешанбе, 19 декабр оғоз шуда, то нимашаб идома кунад. Манбаъ, ки дар Royal Club кор мекунад, мегӯяд аз ҳаҷм, намуд ва соатҳои супоришшудаи таъомҳо мешавад тахмин зад, ки базм то наздики субҳ идома хоҳад кард.Соли гузашта ҷашни зодрӯзи Рустам бо ширкати сарояндаи руминиягӣ Инна Руминян (ҳаҷми харҷи он ҷашн дастраси Паём нашуд баргузор шуда буд.Ин дар ҳолест, ки тибқи қонуни танзим, ҷашни бошукӯҳи рӯзи таваллуд манъ буда, чанд нафар барои дар қаҳвахонаву тарабхонаҳо ҷашн гирифтани зодрӯзашон ҷаримабандӣ шудаанд. Мансаборон, аз ҷумла раиси шаҳри Душанбе, дар сурати риоя накардани қонуни танзим бояд аз мансаб озо карда шаванд:Аъзои Ҳукумат, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия, дигар шахсони мансабдори давлатӣ, хизматчиёни давлатӣ, судяҳо, кормандони мақомоти прокуратура, амният, корҳои дохилӣ, назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, андоз, гумрук, кормандони мақомоти дигари ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур аз ҷониби онҳо ва фарзандонашон мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз мансаб озод карда мешаванд. Як манбаъи наздик ба хонадони расиҷумҳур, ки дар бештари ҷашнҳои хонаводагӣ ширкат кардааст, гуфт дусад ҳазор евро камтар аз он аст, ки ӯ тахмин мезанад. Ба суоли Паём, ки оё ин маблағ аз кисаи худи Рустам пардохт мешавад ё буҷаи шаҳрдорӣ ва ё он ҷашнро кадоме аз дӯстонаш оростааст ин манбаъ посух дод, “хизмати дӯстонаш” аст, вале қимати тӯҳфаҳое, ки Рустам дар ҷашни зодрӯзаш хоҳад гирифт ба маротиб бештар аз ин масрафҳост. Ӯ гуфт қимате бархе тӯҳфаҳое, ки меҳмонон ба соҳибҷашн тақдим мекунанд, чанд баробар бештар аз ин масраф аст.Ин манбаъ мегӯяд бо назардошти ин ки дигар ба ҷойгузини падараш шудани Рустами Эмомалӣ ҳеҷ шубҳае намондааст ва ӯ ба зудӣ ӯ ба раёсати Маҷлиси Миллӣ хоҳад расид, нафароне пайдо хоҳанд шуд, ки барои роҳ ёфтан ба тими Рустам аз аз ин ҷашни ӯ тавассути ҳадяҳи гаронбаҳо истифода кунанд. .

general.images