Русия ба дунболи бунёди 5 муассисаи таълимӣ бо забони русӣ дар Тоҷикистон

Вазири корҳои хориҷии Русия як мақолаи худ навиштааст, ки дар шаҳрҳои калони Тоҷикистон 5 муассисаи таълимӣ бо забони русӣ кушода мешавад.

Ба гузориши хабаргузории Восток-Нюз, ба нақл аз сойти Фараж, вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров дар як мақолаи худ бахшида ба 25-умин солгарди муносибатҳои дипломатӣ миёни Русия ва давлатҳои минтақа навиштааст, ки дар шаҳрҳои калони Тоҷикистон 5 муассисаи таълимӣ бо забони русӣ кушода мешавад.Дар асоси қарордоди Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мувофиқаи президентҳои ду кишвар дар моҳи августи соли ҷорӣ, аз минтақаҳои гуногуни Русия 28 нафар омӯзгор барои таълиму тадриси хонандагон ба мактабҳои Тоҷикистон рафтанд, 60 ҳазор китобҳои дарсӣ бо забони русӣ фиристода шуданд.Сергей Лавров дар матлабаш навиштааст, ки дар Маскав масъалаи бунёди 5 муассисаи таълимӣ дар шаҳрои калони Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дорад.

general.images