Рукуди иқтисодии Русия иқтисоди Тоҷикистонро таҳти саъсир қарор медиҳад

Хабаргузории “Востокнюз” ба нақл аз хабаргузории “АП”: Рукуди иқтисодии Русия ҳаволаи пул ба Тоҷикистонро таҳти саъсир қарор медиҳад

 Хабаргузории “Востокнюз” ба нақл аз хабаргузории “АП”: Рукуди иқтисодии Русия ҳаволаи пул ба Тоҷикистонро таҳти саъсир қарор медиҳад

Рукуд дар иқтисоди Русия, ки аксари муҳоҷирони кории тоҷик дар он кор мекунанд, ба эҳтимоли зиёд тамоми муддати соли ҷорӣ давом хоҳад дошт, мегӯяд иқтисоддон ва намояндаи Бонки рушди Осиё (БОР) дар Тоҷикистон Муҳаммадӣ Бобоев.

“Бар ин асос, ин (рукуди иқтисодии Русия) ба ҳаҷми пулҳои ирсолии муҳоҷирони корие ки дар Русия меҳнат када, пулашонро ба Тоҷикистон мефиристанд, таъсир мекунад” – гуфт ӯ дар ироаи худ таҳти унвони “Баррасии рушди Осиё−2016” ки дар Душанбе рӯзи чаҳоршанбе баргузор шуд.

Ба гуфтаи ӯ, гарчи рубл дар моҳҳои охир собит шудааст, бо ин ҳол, талаботи экономикаи Русия ба нерӯи корӣ, ва ҳамчунин сахт кардани қонуни будубоши муҳоҷиратӣ тавассути мақомоти рус мумкин аст теъдоди мутақозиёни корӣ ба ин кишварро кам кунад.

Дар ҳамин робита иқтисоддони БОР гуфт, ки дар ҳоли ҳозир ҳудуди 330 шаҳрванди Тоҷикистон дар «листи сиёҳ»−и ФМС Русия қарор доранд, ки вуруд ба кишвари Русияро барояшон мамнуъ мекунад.

“Ҳамаи ин омилҳо дар ниҳоят пули ирсолии муҳоҷиронро кам карда, ҷараёни интиқоли пулро таҳти таъсир қарор медиҳад, ҳатто агар иқтисоди Русия бо суръати миёна рушд кунад”− ҷамъбандӣ кард суханонашро Бобоев.

general.images