Роҳи осон барои дарёфти шаҳрвандӣ Русия

Хизматрасониро барои иҷрои супориши раисҷумҳури Русия Владимир Путин барои ҳалли фаврии масоили марбут ба гирифтани шаҳрвандӣ таъсис доданд.

Ба гузориши хабаргузории Восток-Нюз, ба нақл аз Спутник, хизматрасониро барои иҷрои супориши раисҷумҳури Русия Владимир Путин барои ҳалли фаврии масоили марбут ба гирифтани шаҳрвандӣ таъсис доданд.Ирина Волк сухангӯи Вазорати умури дохилаи Русия хабар дод, ки ниҳод барои ҳалли фаврии масоили марбут ба гирифтани шаҳрвандӣ, дар вебгоҳаш онлайн-хизматрасонӣ таъсис дод.Сухангӯи ВУД Русия таъкид мекунад, ки хизматрасонӣ барои иҷрои супориши раисҷумҳури Русия Владимир Путин дар ҳалли фаврии масоили гирифтани шаҳрвандӣ созмон ёфтааст.Фармони таҳияи ин хизматрасонӣ аз ҷониби вазири умури дохилаи Русия Владимир Колоколтсев ба тавсиб расид.Дар вебгоҳ бахши "Масоили гирифтани шаҳрвандии Русия" низ фаъол аст. Бахши мазкур дар бораи баррасии аризаи шаҳрвандони хориҷа барои гирифтани шаҳрвандӣ ва ҳуҷҷатҳои лозима маълумот медиҳад.Ирина Волк афзуд,"Тамоми муроҷиатҳои шаҳрвандонро мутахассисони соҳа дар мӯҳлати аз ҷониби қонунгузории Русия муайяншуда баррасӣ мекунанд".Қаблан Владимир Путин гуфта буд, ки бояд низоми гирифтани шаҳрвандии Русия осон шавад.Владимир Путин дар рафти мулоқот бо шаҳрвандони кишвар тариқи "Пахши мустақим" таъкид карда буд, ки"Ман боварии комил дорам, ки Русия бояд низоми гирифтани шаҳрвандиро пурра озод созад. Ин васила ҳам андозаи башардӯстона ва ҳам андозаи иқтисодӣ дорад".

general.images