Тайи як тамоси телефонӣ

Ройзании подшоҳи Саудӣ бо Назарбаев; иқтисод меҳвари музокира

Президенти Қазоқистон ва подшоҳи Саудӣ дар як сӯҳбати телефонӣ равобити ду кишварро баррасӣ карданд.

Ба гузорриши Форс, Нурсултан Назарбаев, раисиҷумҳури Қазоқистон ва Салмон ибни Абдулазиз Оли Сауд, подшоҳи Арабистони Саудӣ дар як тамоси телефонӣ гуфтугӯ карданд.

Дар ҷараёни ин гуфтугӯ, 2 тараф дар хусуси тақвияти бешатри равобит миёни ду кишвар дар ҳавзаи тиҷорат, иқтисод ва сармоягузорӣ ибрози алоқамандӣ карданд.

Тайи ин тамоси телефонӣ бар аҳаммияти иҷрои тарҳҳои муштарак дар бахшҳои энержии ҳастаӣ ва ҷойгузин ва фароварии нафт ва газ дар Қазоқистон таъкид шуд.

Илова бар ин 2 тараф перомуни вазъияти феълӣ дар бозори ҷаҳонии энержӣ табодули назар ва бар нақши кишварҳои содиркунандаи нафт таъкид карданд.

Ин тамоси телефонӣ ба ибтикори тарафи Саудӣ сурат гирифт.

Ин гуна фаъолиятҳо дар ҳоле аст, ки ба эътиқоди коршиносон, барои кишварҳои монанди Қатар ва Арабистони Саудӣ, сармоягузорӣ дар кишварҳои дуре монанди Осиёи Марказӣ чандон бо тавҷеҳи иқтисодӣ сурат намегирад.

Фаъолиятҳои Қатар ва Арабистони Саудӣ дар Осиёи Марказӣ ба хусус дар Тоҷикистон ва Узбакистон, ки дорои пешинаи мазҳабӣ ҳастанд, фақат ба равобити иқтисодӣ мунҷар намешавад; ин кишвар бо таваҷҷӯҳ ба сарвате, ки дар ихтиёр дорад, дар дигар бахшҳои асосии ин кишварҳо нуфуз карда ва аҳдофи махфии худро дунбол мекунад.

general.images