Решадавонии “силсилаи Раҳмон” дар ҳукуматдории Тоҷикистон

Оилаи Раҳмон Тоҷикистонро ишғол мекунад− идорӣ, касбу кор, корхонаҳо. Кишвари Тоҷикистон монанди кишварҳои диктотурии Офриқаи Марказӣ монанд аст ва ё ба Қуруни Вусто, ки дар он наздикони шоҳ тамоми мансабҳои калидиро ишғол мекунанд. Худатон қазоват кунед: духтари Раҳмон имрӯз ба унвони сенатор интихоб шуд, ва қаблан тавассути падари хеш раиси дастгоҳи иҷроии президент шуд. Мо бар инем ки ҳамаи наздикони Пешвои миллатро таҳқиқ кунем. Омода шавед ки шуморо ҷузъиёти ҳайратоваре оид ба оилаи “Пешвои миллат” интизор аст.

Оилаи Раҳмон Тоҷикистонро ишғол мекунад− идорӣ, касбу кор, корхонаҳо. Кишвари Тоҷикистон монанди кишварҳои диктотурии Офриқаи Марказӣ монанд аст ва ё ба Қуруни Вусто, ки дар он наздикони шоҳ тамоми мансабҳои калидиро ишғол мекунанд. Худатон қазоват кунед: духтари Раҳмон имрӯз ба унвони сенатор интихоб шуд, ва қаблан тавассути падари хеш раиси дастгоҳи иҷроии президент шуд. Мо бар инем ки ҳамаи наздикони Пешвои миллатро таҳқиқ кунем. Омода шавед ки шуморо ҷузъиёти ҳайратоваре оид ба оилаи “Пешвои миллат” интизор аст.Духтари 38 солаи сарвари давлат, Озодаи Раҳмон ба Бахтиёр Худоёрзода мансаберо дод, ки пешбинӣ мешуд, раиси комисиони марказии интихобот ва референдум аст. Ва ӯст ки бояд референдумро ташкил кунад, то конститусияро тағйир дода, Раҳмонро президенти модомулъумр кунад ва сини номзадии президентиро аз 35 ба 30 фарорад, ки сабаб мешавад дар соли 2020 писари Раҳмон ба президентӣ омода шавад. Писари Раҳмон, Рустами Эмомалӣ дар 25 солагӣ ба нишони генералӣ расид ва раиси хадамоти гумрукии ҷумҳурӣ шуд. 3 сол баъд, падараш вазорати мубориза бо фасоди кишварро ба ӯ муҳаввал кард, ки садҳо узвро аз кор ихроҷ кард. Рустами Эмомалӣ дар поёни соли 2013 раиси Кумитаи гумруки Тоҷикистон таъин шуд. Дар канори ин мансабҳо, Рустам варзишдӯст аст− дар ҳоли ҳозир ӯ раиси федеросиюни футболи Тоҷикистон аст, ки барои тими милли бозӣ кардааст. Чӣ метавон гуфт, “одами боистеъдод− аз ӯҳдаи ҳамаи кор мебарояд; чароки− дар ҳамаи чиз боистеъдод аст”.Эмомалӣ Раҳмон дар маҷмӯъ нуҳ фарзанд дорад: 7 духтар ва ду писар. Сомон хӯрдтарин фарзанди оилаи Раҳмон аст, ки ҳанӯз мактабхон аст ва феълан иддаои ягон вазифаро надорад.Ва агар фарзандони дигари Раҳмон ягон мансаб ҳам надошта бошанд, (ки доранд), аммо ҳамсаронашон мақомоти бисёр олирутбаанд ва вазифаҳои калон доранд. Масалан шавҳари Озодаи Раҳмон, Ҷамолиддин Нуралиев, муовини аввали вазири молия ва бонки миллӣ аст – идорае ки масъулияти курси сомониро ӯҳдадор аст ва ҳамаи муомилоти молӣ ва валютаи кишварро посухгӯ аст, ки ба тозагӣ мубодилаи асъор дар ғайри бонк ҷурм аст. Ӯ низ шахсияти ҳамакора аст− дорои нишони корманди шоистаи физкултура ва варзиш аст ва дипломи ифтихории молиро низ дорост.Фируза, духтари дигари Раҳмон, ба Муҳаммадзоир Соҳибов шавҳар кард. Муҳаммадзоир Соҳибов то 2013 раиси Оҷонсии амволи махсус ва харидҳои давлатӣ буд ва ҳоло аз нафарони пештоз дар майдони тиҷорати кишвар ба шумор меояд. Ӯ то соли 2008 биржаи маводи хоми Тоҷикистонро раҳбарӣ мекард. Сипас мудири ҳамаи харидҳои давлат ва тадорукот мансуб шуд. Бар асоси баъзе хабарҳо, ӯ чанд шохаи судоварӣ ва даромадро контрол мекунад ва соҳиби ду бозори калони Қурған ва Ҳисор аст. Ҷиёни ӯ Зайнулло Соҳибов, директори заводи «Сементи Тоҷик» аст, ки ин корхона бузургтарин ширкати саноатии тавлиди сементи Душанбе аст.Рухшона, духтари дигари президент, ҳамсари Шамсулло Гулов аст. Шамсулло Гулов бар асоси бархе гузоришҳо раҳбарияти ширкатҳои фурӯши “Фароз” ва “Тоҷирон” – ду ширкати пешгом дар бозори фурӯши маводи сӯхт”−ро дорад. Пеш аз ин, ин ширкатҳо ба Умаралӣ Қувватови мухолиф, ки дар Истанбул ба қатл расида террор шуд,  тааллуқ дошт. Гулов ҳамчунин соҳиби ширкати “Автосантал”,  як ширкати раддаи аввал дар бозори мактабҳои ронандагии Тоҷикистон аст. Дар зимн ӯ низ, чеҳраи барҷаста аст. Ӯ президенти варзишҳои замистонӣ интихоб шуд, илова бар ин ӯ намояндаи тиҷории Тоҷикистон дар Англия мебошад.Зарина, духтари дигари президент, ба писари Бег Зуҳуров шавҳар кард. Бег Зуҳуров вазири алоқаи Тоҷикистон аст. Вазири алоқа борҳо табдил ба қаҳрамони анекдотҳо шудааст, ба хусус баъд аз мусоҳибааш бо раиси «Фейсбук», Марк Сукерберг, ки мехост маҷбураш кунад, то ӯ ба Тоҷикистон ба хотири фейсбук андоз супорад. Вазорати алоқа аст, ки тасмимгирӣ мекунад интернет, шабакаҳои иҷтимоӣ ва Ютубро дар кишвар масдуд кунад. Дар ҳоли ҳозир вазорати алоқа маркази иртибототи якпорчаро месозад, ки имкон медиҳад аз тариқи он ҳамаи алоқаҳои телефонӣ ва интернет таҳти контроли комил дарояд.Парвина, духтари дигари Раҳмон, ба зании Ашраф Гулов даромад. Ашраф Гулов дар ҳоли ҳозир сарконсули Тоҷикистон дар Русия аст ва аз тариқи ӯст, ки пардохтҳои муҳоҷирони корӣ ва номнависии гузарномаи гумшудаи муҳоҷирон анҷом мепазирад. Ногуфта намонад, Ашраф Гулов писари Гул Шералӣ – собиқ вазири энергетика ва саноъати Тоҷикистон ва собиқ Раиси Кумитаи давлатии идораи амволи давлатӣ. Дар ҳоли ҳозир ба нафақа баромада аст, аммо бо ҷанҷолҳои бешуморе аз ӯ ёд мешавад, замоне ӯро муттаҳам ба фурӯши барқ ба Афғонистону Покистон медонистанд, дарҳоле ки ҳамаи Тоҷикистон фақат се соат барқ дар шабонарӯз дарёфт мекард.Тахмина ва Фарзона, ду духтари дигари Раҳмон, дар бораашон иттилоот кам аст. Бо ин ҳол ин ҳамаи хешованди пешвои миллат нест, ки вазифа ва мансабҳои калон доранд.Ҳасан Саъдуллоев− бародарзани Раҳмон− раиси ҳайати мудираи яке аз бузургтарин бонки тиҷории Тоҷикистон «Ориёнбонк» аст, ки даромади холиси он дар 2014 беш аз 4 миллион доллар буд. Илова бар ин, ӯ раиси бозрасии бузургтарин корхонаи алюмунии кишвар «ТАЛКО» мебошад, ки сармояи он 8 сол пеш ба 800 миллион доллар тахмин зада мешуд. Ва ӯ низ инсони боистеъдод шинохта шуда, нишони беҳтарин бонкдори кишвар дар соли 2007−ро дорост.Амирулло Саъдуллоев, бародарзани дуюми Раҳмон, муовини раиси сардори барқ кишвар ширкати «Барқи тоҷик буд, аммо дар соли 2012 мэри шаҳри Қурған шуд.Язнаи Раҳмон (шавҳари хоҳари ӯ) Холмумин Сафаров, дар соли 2012 кушта шуд, ки дар вақти марг директори корхонаҳои хоҷагии ҷангал ва шикор буд.Ҷияни Эмомалӣ Раҳмон, Давлаталӣ Саидов ҷонишини аввали сарвазири ҷумҳурӣ таъин карда шуд. Қабл аз ин, ӯ ҳамчун раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ хизмат мекард, сафири Ҷопон ва раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ низ буд.Боз як ҷияни дигари президент, Сироҷ Гулмуродов роҳбари хадамоти андози вилояти Хатлонро ӯҳдадор аст.Албатта, ҳамаи ин иттилоот расман аз тарафи мақомоти тасдиқ карда нашудааст ва гумон аст ягон бор тасдиқ карда намешавад. Бо вуҷуди ин, он тавре ки дар Қирғизистони ҳамсоя, ки дар он хешовандони Қурмонбек Боқиев, ҳамчунин вазифа ва мансабҳои калидиро ӯҳдадор буданд, ки бо инқилоб, ҳалок шудани зиёди мардуми бегуноҳ ва фирори беобрӯмандона ва хоркунандаи президент анҷомид. Лекин ҳатто агар 20 фоизи ин маълумот дар бораи Тоҷикистон дуруст бошад, пас маълум мегардад, ки чаро дар кишвар чунин мушкилоти иқтисодӣ, саноатӣ ва озодӣ фаровон аст.

general.images