Режим фишорро тоб наовард / Паспорти Ҳамза ва модараш содир шуд

Ҳамза Тиллозода, набераи 4-солаи Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ, ки аз бемории саратон ранҷ мебарад, шиносномаи хориҷиашро дастрас кардааст. Вай акнун метавонад, ҳамроҳ бо модараш Мижгона Зайниддинова, ки ӯ низ имрӯз, 1-уми август шиносномаи хориҷиашро дастрас намуд, барои муолиҷа ба хориҷ аз кишвар, сафар кунад.

Ҳамза Тиллозода, набераи 4-солаи Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ, ки аз бемории саратон ранҷ мебарад, шиносномаи хориҷиашро дастрас кардааст. Вай акнун метавонад, ҳамроҳ бо модараш Мижгона Зайниддинова, ки ӯ низ имрӯз, 1-уми август шиносномаи хориҷиашро дастрас намуд, барои муолиҷа ба хориҷ аз кишвар, сафар кунад.Исломиддин Зайниддинов, бобои Ҳамза (Иброҳим - исми паспортии кӯдак) Тиллозода ба хабарнигор шиносномаҳои модару кӯдакро нишон дод.Ҳуҷҷатҳои Ҳамза Тиллозода ҳудуди як ҳафта қабл ба Идораи шиносномадиҳӣ супурда шуда буд ва модараш авохири ҳафтаи гузашта гуфт, ки мақомот ваъда додаанд, ки рӯзҳои наздик ба онҳо шиносномаи хориҷиро хоҳанд дод.Ҳамза (Иброҳим) Тиллозода, фарзанди Руҳулло Тиллозода ва набераи Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аст, ки аз соли 2015 ба ин тараф дар Аврупо паноҳандагӣ дарёфт кардааст. Иброҳим Тиллозода ба саратони узви таносул гирифтор аст ва хешовандонаш мегӯянд, ки бояд барои муолиҷа ба хориҷа бираванд. Ба гуфтаи онҳо, имкони муолиҷаи ӯ дар Тоҷикистон вуҷуд надорад. Аввали имсол табибони Тоҷикистон Ҳамзаро, ки чанд сол боз ба саратон мубтало аст, ҷарроҳӣ кардаанд, вале бенатиҷа.Хонавода ва мутахассисон мегӯянд, ки муолиҷа дар хориҷ ягона роҳи наҷоти тифли 4-сола аст. Аммо Саида Умарзода, муовини вазири тандурустии Тоҷикистон рӯзи 27-уми июл дар нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, Иброҳим Тиллозода гирифтори саратони дараҷаи чорум аст ва муолиҷаи ӯ дар ҳар ҷойи дигар ҳам имкон надорад.Баъд аз онки сарнавишти кӯдаки 4-сола аз ноҳияи Ваҳдат сару садои зиёдеро дар шабакаҳои иҷтимоӣ барангехт, ва флешмоби “Ман ҳамзаи АСИРАМ” ва ҳамчунин ҳэштаги “#Ҳамза_Тиллозода_Кабирӣ” дар байни истифодабарандагони сафаҳоти маҷозӣ даст ба даст шуда истодааст.Лозим ба ёдоварӣ аст, имрӯз низ як силсила тазоҳурот барои ҳимоят аз Ҳамза дар шаҳрҳои мухталифи Аврупо баргузор гардид.Гуфта мешавад, иллати додани паспорт ба Ҳамза ва модараш фишорҳои байналмилалӣ мебошад. Востокнюз

general.images