Режими Раҳмон сабаби боло рафтани тақрибан 100 дарсадии роҳкиро дар Тоҷикистон шуд

Сокинони шаҳри Душанбе мегӯянд, ки ронандаҳои таксиҳои ба истилоҳ “3-сомана” қимати роҳкироро аз 75 то 100 дарсад боло бурдаанд.

Ба гузориши хабаргузории Восток-Нюз, ба нақл аз сомонаи Паём, сокинони шаҳри Душанбе мегӯянд, ки ронандаҳои таксиҳои ба истилоҳ “3-сомана” қимати роҳкироро аз 75 то 100 дарсад боло бурдаанд.Манобеъ аз Тоҷикистон мегӯянд, ки бо боло рафтани нархи гази моеъ, сӯзишвории аслие, ки дар Тоҷикистон аксари нақлиёти мусофиркашонӣ аз он истифода мекунанд, боис шудааст дар тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ нархи роҳкиро боло бурда шавад.Ба гуфтаи сокинони пойтахт, бо қимат шудани нархи гази моеъ ронандаҳои таксиҳои “се-сомона” барои интиқоли мусофирон аз як гӯша ба дигар гӯшаи шаҳр 3 сомонӣ мегирифтанд, вале айни замон аз 5 то 6 сомонӣ талаб мекунанд.Ҳамзамон баъзе аз сокинони шаҳри Кӯлоб низ дар робита ба ин масъала гуфтаанд, ки нархи роҳкиро дар ин шаҳр низ иттифоқан 100 дарсад қимат шуда, аз як 1 сомонӣ то ба 2 сомонӣ боло бурда шудааст. Болоравии қимати роҳкиро дар шаҳри Қурғонтеппа низ амалан ба мисли шаҳри Кӯлоб мушоҳида шудааст.Гуфта мешавад, то чанд рӯзе пеш қимати як литр гази моеъ дар шаҳри Кӯлоб 3 сомонию 40 дирҳам буд, аммо дар ҳоли ҳозир ин навъи сӯзишворӣ 80 дирҳам гаронтар шуда, як литри он 4 сомонию 20 дирҳам нархгузорӣ шудааст. Қимати як литри ин намуди сӯзишворӣ дар шаҳри Душанбе низ аз 3 сомонию 60 дирҳам то 4 сомонию 10-20 дирҳам боло бурда шудааст.

general.images