Режими Раҳмон интернетро яке аз гаронтаринҳо кардааст, то дастраси мардум нашавад

Дар ҳоли ҳозир 17%-и аҳолии Тоҷикистон ба интернет дастрасии доимӣ доранд. Бонки Ҷаҳонӣ ҳисоб кардааст, нархе, ки сокинони Тоҷикистон барои интернет пардохт мекунанд, яке аз гаронтаринҳо дар ҷаҳон аст.

Эмомалӣ Раҳмон бо чангу дандон ба қудрат часпидааст ва барои боқӣ мондан дар он бар ҳар чизе ки тасаввур шавад даст мезанад. Дар фазои маҷозӣ (интернет) Эмомалӣ Раҳмонро бисёр ба интиқод мекашанд ва чеҳраи воқеии ӯро муаррифӣ мекунанд. Эмомалӣ Раҳмон барои инки интернет дастраси мардум набошад ва мардум бо ин ҳақоиқ ошно нашаванд, ҳам интернетро яке аз гаронтаринҳои ҷаҳон кардааст ва ҳам инки пасттарин сифат ва суръатро ба интернети Тоҷикистон додааст. Ба гузориши хабаргузории Востокнюз ба нақл аз Озодагон, ба иттилои манбаъ дар ҳоли ҳозир 17%-и аҳолии Тоҷикистон ба интернет дастрасии доимӣ доранд: “Ин нишондод дар кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ Қирғизистон 28%, Узбакистон 44% ва дар Қазоқистон 55% мебошад”. Бонки Ҷаҳонӣ ҳисоб кардааст, нархе, ки сокинони Тоҷикистон барои интернет пардохт мекунанд, яке аз гаронтаринҳо дар ҷаҳон аст. Хабаргузории Восток-Нюз: Сиддиқи АкбарМанбаъ: Озодагон

general.images