Режими Раҳмон дар соли 2017, 200 ҳазор соҳибкорро бо ҷарима ва андози калон бекор кард

Дар Тоҷикистон дар соли 2017-ум беш аз 200 ҳазор соҳибкори хурду миёна тарки пеша кардаанд.

Режими Раҳмон умуман ва якояки вазирҳову раисҳо хусусан, бо “налог” ва “доля” бастан ва барои пули ҷайби худ камари соҳибкорони тоҷикро мешикананд. Як соҳибкори тоҷик бояд дар моҳ ба чанд ниҳоду чанд дастгоҳ ва чанд вазиру раис ба истилоҳ “андоз” диҳад, ки дар натиҷа даромаде барои худаш намемонад. Аз ҳамин сабаб, камари соҳибкорони тоҷик шикаст ва ҳеҷ кас ҳозир намешавад, ки соҳибкорӣ кунад. Режими Раҳмон бо андозҳои беасосу бемаврид ва вазирону раисон бо “доля” бастан, дар соли 2017, 200 ҳазор соҳибкорро бекор карданд ва ин яъне қаҳтӣ ва гуруснагии ҳамаи аҳолии Тоҷикитсон. Тасаввур кунед вақте 200 ҳазор нафар соҳибкори тоҷик бекор мешаванд, қатъан теъдоди бекорон ба як миллион мерасад; чароки як соҳибкор то панҷ нафарро, ки барои ӯ кор мекунанд соҳиби нон мекунад, ҳар як нафар то панҷ тақрибан се-чаҳор нафарро мехӯронад, ки дар натиҷаи бекор шудани дусад ҳазор нафар, як миллион нафар бепулу бенону беоб мемонад. Ва ин яъне гуруснагии умумӣ, ин яъне фоҷеа барои як миллат ва як кишвар.Ба гузориши хабаргузории Востокнюз ба нақл аз Озодӣ, дар Тоҷикистон дар соли 2017-ум беш аз 200 ҳазор соҳибкори хурду миёна тарки пеша кардаанд. Анҷумани соҳибкорони хурду миёнаи Тоҷикистон ин оморро рӯзи 12-уми декабр дар як нишаст дар шаҳри Душанбе эълон дошт.Хабаргузории Восток-Нюз: Сиддиқи Акбар

general.images