Режими Раҳмон барои бастани даҳони мардум аз мулло истифода мекунад

Мардуми тоҷик гарчӣ зери ҳукумати бедине чун Э.Раҳмон ва С.Ятим қарор гирифтаад, аммо мардуми динмадоранд ва ҳаргиз душмани дин намешаванд ва ҳамеша талош мекунанд, ки зиндагии худро дар канори дин ба пеш баранд ва аз Исломи азиз фосила нагиранд.

Режими Раҳмон режими мулҳид, зидди дин ва бедин аст ва бо инки алайҳи Исломи азиз ҷангҳои шадиде ба роҳ андохт; ҳазорон масҷидро баст, даҳҳо ҳазор сатрро аз сари занони боимони тоҷик бардошт, сездаҳ ҳазорон ришҳоро маҷбуракӣ қапида тарошид, ва садҳо қонуни зидди динӣ қабул кард, аммо бо ин ҳол барои пеш бурдани аҳдофи касиф ва палиди худаш ҳамеша аз «муллоҳои дарборӣ» ё беҳтар бигӯем «зидди динҳои муллонамо» истифода мебарад.

Мардуми тоҷик гарчӣ зери ҳукумати бедине чун Э.Раҳмон ва С.Ятим қарор гирифтаанд, аммо мардуми динмадоранд ва ҳаргиз душмани дин намешаванд ва ҳамеша талош мекунанд, ки зиндагии худро дар канори дин ба пеш баранд ва аз Исломи азиз фосила нагиранд.

Эмомалӣ Раҳмон, ки аз диндории мардуми Тоҷикистон огоҳӣ дорад, аз ҳамин сабаб аз касоне истифода мебарад, ки аз номи дин гуфтаи ӯро ба мардум бирасонанд, касоне монанди Саидмукаррами Абдулқодирзода ва...

Ин бор яке дигар аз касоне ки баландгӯи режими Раҳмон шуда, аз номи дин амали онро тасдиқ мекунад, Эшони Сироҷиддин аст. Ӯ касе аст, ки пайрави салаф буда ва ба хотири ҳамин «ҷурмаш» режими Раҳмон ӯро 4 сол дар зиндон шинонд. Бо вуҷуди ин, ин шахс аз Эмомалӣ Раҳмон таърифу тамҷид карда, амали ноҷавонмардонаи ӯро тасдиқ кард.

Хабаргузории Востокнюз ба нақл аз Ахбор: Эшони Сироҷиддин Абдураҳмонов, як рӯҳонии тоҷик, ки қаблан бо ҷурми пайравӣ ба ҷараёни мамнӯи Салафия маҳкум ба зиндон шуда буд, дар як видео аз боло бурдани нархи Интернет дар Тоҷикистон ҳимоят карда, Интернетро манбаи фаҳшу ба роҳи бад рафтани мусалмонон номидааст.

Сиддиқи Акбар

general.images