Раҳоии ҷавони тоҷик аз асорати қочоқчиёни афғон: Ӯро рафиқонаш дар гарав мондаанд

Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Аҳмадшоҳ Шеров, сокини 18-солаи деҳаи Ёли ноҳияи Шӯроободро аз асорати гурӯҳи қочоқчиёни афғон таҳти роҳбарии Назрихудо валади Паҳлавондарё озод кардаанд.

Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Аҳмадшоҳ Шеров, сокини 18-солаи деҳаи Ёли ноҳияи Шӯроободро аз асорати гурӯҳи қочоқчиёни афғон таҳти роҳбарии Назрихудо валади Паҳлавондарё озод кардаанд. Тибқи иттилои ин ниҳод Шеровро шариконаш - Алишери Абдуҳафиз, хонандаи синфи 11 ва Раҳималии Шариф, соли таваллуд 1997, сокинони деҳаи Ёли Шӯрообод ба ивази маводи мухаддир ба нашъаҷаллобони афғон дар гарав гузоштаанд.Ба иттилои манбаъ пинҳонгоҳи нишондодаи Раҳималии Шариф дар мавзеи «Дашти ришқа»-и деҳаи Ёли ноҳияи Шӯрообод 17 килограмм афюн ва 15 кило ҳашиш бо вазни умумии 32 кило дарёфт ва мусодира шудаст.Кумитаи давлатии амнияти миллӣ мегӯяд, феълан аз рӯи ин ҳодиса алайҳи Раҳималии Шариф, Аҳмадшоҳ Шеров, Алишери Абдуҳафиз, сокинони Шӯрообод ва шаҳрванди Афғонистон Назрихудо валади Паҳлавондарё парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида тафтишот идома дорад. 

general.images