Раҳматулло Зоиров ҳукмҳои Зайд Саидов ва Бузургмеҳр Ёровро сиёсӣ унвон кард

Раҳматулло Зоиров , дар номае боз ба унвонии раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон гуфтааст, ки соҳибкор Зайд Саидов ва вакили мудофеъ Бузургмеҳр Ёров маҳбусони сиёсӣ ҳастанд. Зоиров бо ин номааш изҳороти ахири раиси Додгоҳи олии Тоҷикистонро ба чолиш кашидааст.

Ба гузориши хабаргузории Восток-Нюз, ба нақл аз Озодӣ, Раҳматулло Зоиров – раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон – дар номае боз ба унвонии раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон гуфтааст, ки соҳибкор Зайд Саидов ва вакили мудофеъ Бузургмеҳр Ёров маҳбусони сиёсӣ ҳастанд. Зоиров мегуяд, ки бо ин номааш изҳороти ахири раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон Шермуҳаммади Шоҳиёнро ба чолиш мекашад.Шоҳиён дар нишасти хабарии моҳи январ гуфта буд, ки додгоҳ гуноҳи Зайд Саидов ва Бузургмеҳр Ёровро собит кард ва “ин парвандаҳо ҳеҷ ангезаи сиёсӣ надоранд”. Шоҳиён гуфт, “Онҳо барои қаллобӣ ва ҷурмҳои дигар зиндонӣ шудаанд”. Ба ин тартиб, Шоҳиён вуҷуди маҳбусони сиёсиро дар зиндонҳои Тоҷикистон рад кард ва гуфт, бо баҳогузории созмону кишварҳои хориҷӣ дар бораи сиёсӣ будани ҳукми ду нафар розӣ нест.Аммо Раҳматулло Зоиров рӯзи 22 март гуфт, нисбат ба соҳибкори маҳкумшуда Зайд Саидов ва адвокати зиндонӣ Бузургмеҳр Ёров моддаҳое кор бурда шудаанд, ки дар илми ҳуқуқ ҳамчун айбномаи сиёсӣ дониста ва эътироф мешаванд. Зоиров гуфт, баъд аз изҳороти Шоҳиён, ки дар матбуот ҳам инъикос шуд, аз нигоҳи ҳуқуқӣ ин масъаларо мавриди омӯзиш қарор додааст.Зоиров гуфт, “масалан, моддаи 189-и Кодекси ҷиноӣ – “Барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ”, моддаи 307 – “Даъвати оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионии Тоҷикистон” моддаҳое ҳастанд, ки дар ҳама вақт ва дар кадом давлате набошад, моддаҳои сиёсӣ мебошанд. Бузургмеҳр Ёров бо ҳамин моддаҳо маҳкум шудааст.”Раҳматулло Зоиров, инчунин, гуфт, ки ахиран ба ду соли иловагӣ – яъне дар маҷмӯъ ба 25 соли зиндон маҳкум шудани Ёров “як амали фармоишӣ” буд. Зоиров дар мавриди Зайд Саидов гуфт, “вақте ки вай аз Фаронса баргашт, ӯро дар фурудгоҳи Душанбе боздошт карданд. Дар ҳоле ки вай вакили Маҷлиси шаҳри Душанбе буд. Илова ба ин, дар ин муддате, ки вай мавриди пурсиш қарор дошт, ҳеҷ кадом аз се вакили мудофеъ бо вай чашм ба чашм мулоқот карда натавонистанд.”Зоиров мугуяд, ки мақомот ин шароитро махсус созмон доданд, то вай бо вакилонаш вохӯрӣ накунад ва ин мусалламан аз нигоҳи ҳуқуқӣ тобиши сиёсӣ касб мекунад. Зоиров гуфт, ки номаи бозашро тариқи почта ба унвонии раиси Додгоҳи олӣ фиристодааст ва дар назар дорад рӯзи 27 март як нусхаи дигарро шахсан ба Додгоҳи олӣ бурда, дар Шуъбаи умумии он сабт кунад.Зайд Саидов ва Бузургмеҳр Ёров бо тарафдоронашон ва тамоми коршиносони мустақил, парвандаҳои онҳоро сиёсӣ номида, созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсон гуфтаанд, яке баъди тасмимаш барои таъсиси ҳизби “Тоҷикистони нав” ва дигаре баъди омодагӣ барои ҳимоят аз ҳуқуқи боздоштшудаҳои Ҳизби наҳзати исломӣ дастгир ва ба муддатҳои тӯлонӣ ҳабс шуданд. Ин ҳарфҳо аз ҷумла дар гузоришҳои солонаи созмони Human Rights Watch ва Amnesty International ҳам оварда шудааст. Ин созмонҳо мегӯянд, вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон дар соли 2016 якбора бад шуд.Ҳанӯз маълум нест, ки ба изҳороти Зоиров мақомот чӣ посух медиҳанд.

general.images